Оғози семинарҳои ММТ барои кормандони муваққатӣ дар соли 2020

© SputnikАбитуриенты в НЦТ в первый день объявления результатов вступительных экзаменов
Абитуриенты в НЦТ в первый день объявления результатов вступительных экзаменов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои баргузории семинарҳои мазкур, ки то 18-уми июни соли ҷорӣ дар 26 нуқта (муассисаи таълимӣ)-и 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ баргузор карда мешаванд, 21 корманди Марказ ва 26 тренер (аз ҷумлаи кормандони муваққатии қаблан омӯзишдида) равона гардидаанд.

ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон барои баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба мактабҳои олии касбӣ дар соли 2020 семинарҳои омӯзиширо барои кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ: роҳбарон, ёварони роҳбарон, маъмурони калон, маъмурони имтиҳон ва бақайдгирандагон аз 8-уми июн оғоз кард.

Открытие нового здания факультета политики и государственного управления Государственного университета Бохтара - Sputnik Тоҷикистон
ММТ қоидаҳои қабул ба донишгоҳҳои Тоҷикистонро дар соли 2020 эълон кард

Бино ба иттилои ММТ, мувофиқи эълон дар бораи кори муваққатӣ дар марказҳои имтиҳонӣ 4564 нафар хоҳишманд ҳуҷҷат супорида буданд, ки тибқи натиҷаҳои баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи хоҳишмандон ва мувофиқати онҳо ба талаботи тахассусии муқарраршуда аз рӯйи ҳуҷҷатҳои мазкур ба 2887 нафар барои ширкаташон дар семинарҳои омӯзишӣ иҷозат дода шуд.

Гуфта мешавад, ки барои баргузории семинарҳои мазкур, ки то 18-уми июни соли ҷорӣ дар 26 нуқта (муассисаи таълимӣ)-и 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ баргузор карда мешаванд, 21 корманди Марказ ва 26 тренер (аз ҷумлаи кормандони муваққатии қаблан омӯзишдида) равона гардидаанд.

"Бинобар зиёд будани теъдоди шунавандагони семинарҳои омӯзишӣ шунавандагон ба 105 гурӯҳ тақсим карда шудаанд, ки барои ҳар яке аз ин гурӯҳҳо 2-рӯзи машғулиятҳо гузаронида мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи тартиб ва барнома пас анҷоми машғулиятҳои ҳар як гурӯҳ донишу маҳорати шунавандагон дар асоси талаботу принсипҳои муқарраршуда санҷида шуда, аз байни онҳо шахсони арзанда аз рӯйи вазифаҳои зерин ба кори муваққатӣ ҷалб карда мешаванд:

  • роҳбари маркази имтиҳонӣ,
  • ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ,
  • маъмури калони имтиҳон,
  • маъмури имтиҳон,
  • бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ.

Тибқи ҳисобҳо шумораи умумии кормандони муваққатии дар марказҳои имтиҳонӣ соли ҷорӣ ҷалбшаванда беш аз 2000 нафарро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзуда, ки тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 48 маркази имтиҳонӣ ташкил карда мешавад.

Фаъолияти марказҳои имтиҳонӣ аз 1-уми июл оғоз мегардад ва кормандони интихобшуда дар ин марказҳо фаъолият хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0