02:57 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
170512

Гуруҳи омӯзгорон аз шаҳри Кӯлоб шикоят кардаанд, ки се моҳ боз маош нагирифтаанд ва зиндагияшон ниҳоят вазнин шудааст

ДУШАНБЕ, 29 июн – Sputnik. Номаи дастаҷамъии омӯгорони ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлобро ҳафтаи гузашта нашрияи СССР чоп кардааст, ки дар он омӯзгорон аз нагирифтани маош шикоят доранд.

Омӯзгорон изҳор доштаанд, ки зиндагияшон ниҳоят вазнин шудааст ва суол гузоштаанд, ки чӣ кор кунанд.

“Ҳамарӯза тавассути воситаҳои ахбори омма мебинему мешунавем, ки сатҳи зиндагии мардум рӯз аз рӯз беҳтару хубтар мешавад. Вале сатҳи зиндагии мо-омӯзгорони ш.Кулоб айни замон ниҳоят вазнин шудааст, зеро чанд моҳ шуд маош нагирифтаем. ТВ-ҳо ҳар рӯз таъкид менамоянд, ки барои гирифтор нашудан ба беморӣ хуроки серғизо хӯрем, оё бе маош хӯроки серғизо харидану хӯрдан мумкин аст?”, - омадааст дар номи омӯзгорон.

Зикр шудааст, ки дар ин муддат касе ба омӯзгорони шаҳри Кӯлоб на хайре кардаасту на кумаке.

Нашрия таъкид кардааст, ки масъаларо бо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф дар миён мегузорад ва изҳори умед намудааст, ки мушкили пардохти пурраи маоши омӯзгорони Кӯлобшаҳр ҳал мегардад.

Мавзӯъҳои асосӣ