Раиси Рашт: афзоиши хонандагон бунёди синфҳои иловагиро тақозо мекунад

Обуна шудан
Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт, мегӯяд, афзоиши шумораи хонандагон дар ноҳия сохтмони биноҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагиро тақозо менамояд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Раҳимҷон Муқимӣ гуфт, бунёди синфхонаҳо барои беҳтар ба роҳ мондани кори таълиму тарбия ва сифати таълим ҳатмист.

Қоҳир Расулзода дар шаҳри Норак - Sputnik Тоҷикистон
Боздиди Қоҳир Расулзода аз мактабҳои нави ноҳияи Ховалинг

"Синфхонаҳои иловагӣ имконият фароҳам меоранд, ки дар муассисаҳои таълимӣ кабинетҳои фаннӣ ташкил карда шаванд. Дар ду моҳи охири соли равон дар назди 6 муассисаи таълимӣ аз ҳисоби маб­лағҳои буҷети маҳаллӣ, соҳибкорони саховатманд ва аҳолӣ барои 800 ҷойи нишаст бино ва синфхонаҳои нави таълимӣ сохта, ба истифода дода шудааст", - иттилоъ дод нашрияи "Садои мардум" аз қавли раиси Рашт.

Манбаъ афзуд, ки тайи як рӯз дар ноҳия 18 иншооти нав ба истифода дода шуданд. Дар қатори иншооти набунёд -  бинои иловагӣ барои шуъбаи касалиҳои сироятӣ дар маҳаллаи Фурудгоҳи деҳоти ба номи Нусратулло Махсум иборат аз 20 кат аз ҳисоби Агентии захираҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 чоҳи амудӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, майдончаи варзишӣ дар деҳаи Руноби деҳоти "Аскалон" номбар шуданд.

Инчунин биноҳои нави таълимӣ дар деҳаҳои Ялдамичи деҳоти "Қалъанак", Чашмаи Қозии деҳоти ба номи Нусратулло Махсум, Навдонаки деҳоти "Қалъаи Сурх" ва Ҳисораки деҳоти "Ясман", сохтмони маркази савдо, қаҳвахона ва 5 хонаи истиқоматии дуҳуҷрагӣ дар шаҳраки Ғарм, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикану маҳсулоти қаннодӣ дар деҳаи Ҳисораки деҳоти "Ясман" ва нуқтаи таъмири нақлиёти сабукрав дар деҳаи Зарангаки деҳоти "Ҳиҷборак" ба истифода дода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0