Аз забони қирғизӣ то суруду мусиқӣ: камбуди садҳо омӯзгор дар мактабҳои Тоҷикистон - омор

© © SputnikШтартгина Лариса Вячесламовна учитель фортепиано
Штартгина Лариса Вячесламовна учитель фортепиано - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз камбуди ҳудуди 3 ҳазор омӯзгор дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Бино ба оморе, ки маркази матбуоти вазорат дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт, мактабҳои Тоҷикистон ба 2 ҳазору 959 омӯзгор ниёз доранд.

Министерство образования Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф хабарҳои додани маоши омӯзгорон барои мубоиза бо COVID - 19-ро рад кард

Бино ба ин додаҳо, аз ҳама зиёд камбуди омӯзгорон дар мактабҳои вилоятҳои Хатлон (942), Суғд (882) ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ (857) мушоҳида мешавад.

Дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамагӣ 83 ва шаҳри Душанбе – 195 омӯзгор намерасад.

Аз рӯи таносуби фанҳои таълимӣ мактабҳои Тоҷикистон ба омӯзгорони фанҳои математика ва геометрия (357), забони русӣ (304) забони англисӣ (307), технологияи информатсионӣ (242), химия (243), физика ва астраномия (264), таърих ва ҳуқуқ (157), технология (таълими меҳнат, 144), синфҳои ибтидоӣ (120), тарбияи ҷисмонӣ (109), забон ва адабиёти тоҷик (105), биология (105), география (87), суруд ва мусиқӣ (83), омодагии дифои ҳарбӣ (81), методикаи томактабӣ (52), санъати тасвирӣ (51), равоншинос (38), забони арабӣ (37), забони давлатӣ (26) ва алифбои ниёгон (22) ниёз доранд.

Дар вилояти Суғд ба 3 омӯзгори забон ва адабиёти ӯзбек ва дар Кӯҳистони Бадахшон ба 2 омӯзгори забони қирғизӣ эҳтиёҷ доранд.

Тибқи иттилои вазорати маориф ва илм, ҳоло дар Тоҷикистон 3884 муассисаи таҳсилоти умумӣ вуҷуд дорад, ки дар онҳо 124 ҳазору 593 омӯзгор, ба шумули 74 ҳазору 046 зан дарс мегӯянд.

Аз ин шумора 92 ҳазору 224 нафар (50 ҳазору 708 зан) ё 74,1% маълумоти олӣ, 30 ҳазору 578 нафар (21 ҳазору 965 зан) ё 24,5% маълумоти миёнаи касбӣ ва 1 ҳазору 791 нафар (1 ҳазору 368 зан) ё 1,4% маълумоти миёнаи умумӣ доранд.

Бино ба ин манбаъ, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон теъдоди хонандагон ба 2 миллиону 33 ҳазору 900, ба шумули 980 ҳазору 766 духтар расидааст.

Пешниҳоди омори норасоии омӯзгорон аз суи Вазорати маориф дар ҳолест, ки вазири собиқ Нуриддин Саид дар нишастҳои матбуотияш мегуфт, дар Тоҷикистон мушкили камбуди омӯзгорон қариб ҳал шудааст.

Лентаи хабарҳо
0