Чӣ гуна дар шароити пандемия дар 1 синф 35 нафар мехонанд? Посухи вазир

© Sputnik / Амир ИсаевШкольники на первом школьном дне в Душанбе
Школьники на первом школьном дне в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, масъалаи риояи қоидаҳои беҳдоштро дар шароите, ки дар як синф 35 нафар таҳсил мекунанд, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Соли нави хониш дар Тоҷикистон як моҳ пас, аз 17 август оғоз мешавад. Хабарнигорон имрӯз аз вазири маориф суол карданд, ки чӣ гуна дар шароити пандемия дар Тоҷикистон, ки дар як синф 35 нафар таҳсил мекунанд, қоидаҳои беҳдошт, аз ҷумла ниқобу риояи фосила риоя хоҳанд шуд.

Ҳабибулло Воҳидов прокурори вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи антисептикҳои қалбакӣ дар Суғд: прокурор аз чанд соҳибкори судҷӯй ном бурд

Имомзода ин масъаларо бисёр мубрам арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки таҷрибаи кишварҳои дигарро омӯхта истодаанд.

Ӯ иқрор кард, ки вазъияти Тоҷикистон мураккабтар аст, чун агар дар бархе давлатҳо дар як синф 20 нафар таҳсил кунанд, дар Тоҷикистон 30-35 нафар дар як синф мехонад

Вазири маориф таъкид кард, ки феълан гуруҳи корӣ ташкил шудааст, ки бояд тартиби муайяни таҳсил дар шароити пандемияро таҳия ва рӯзҳои наздик пешниҳод кунад.

Ӯ илова намуд, ки худаш низ ҳангоми сафарҳояш аз омӯзгорони ботаҷариба ва мудирони макотиб суол мекунад, ки чӣ бояд кард. Вазир афзуд, ки шояд дар бархе ҳолатҳо гузаштҳо сурат гиранд.

Имсол аз 17 август соли таҳсили 2020-2021 шурӯъ мешавад. Вазир сабаби барвақт оғоз шудани соли таҳсилро ба таътили пеш аз муҳлати муҳассилин дар шароити пандемия рабт дод.

Лентаи хабарҳо
0