02:31 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
242 0 0

Сифати таълим дар мактабҳои олии Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ камӣ надорад, гуфт Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik.  Роҳбари Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода гузориши Бозрасии давлатии назорати сифати таҳсилоти назди ҳукумати Ӯзбекистонро шарҳ дод, ки гуфта мешуд, сифати таҳсил дар баъзе аз донишгоҳҳои Тоҷикистон паст ва ҷавобгӯи талаботи донишҷӯёни ӯзбек нест.

Имомзода баҳогузории таҳқиқоти  мутахассисони ӯзбекро нодуруст ва беинсофона арзёбӣ кард.

“Қарори ҳамтоёни ӯзбек нисбат ба мактабҳои олии мо таҳқиқоти беинсофона ва ғайривоқеӣ аст. Дар қарори онҳо қайд шуд, ки ин донишгоҳҳо дар Тоҷикистон амал намекунанд, ин муассисаҳое мебошанд, ки дар солҳои душвор барои кишвари мо таъсис ёфтаанд”, - афзуд вазири маориф.

Имомзода қайд кард, ки тайи чандин сол аст вазъи соҳаи маорифро дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ омӯхтааст.

“Имрӯз ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки донишгоҳҳо (Тоҷикистон - таҳрир) аз муассисаҳои таҳсилоти олии Осиёи Марказӣ кам нестанд",-гуфт ӯ.

Ӯ гуфт, донишҷӯёни ӯзбек боз барои таҳсил ба Тоҷикистон меоянд, зеро мактотиби олии Ӯзбекистон ҳамагӣ 10-12%-и хатмкардагони мактабҳоро фаро мегиранд, лекин ҳамаи хатмкардагон таҳсилро идома додан мехоҳанд.

Вазири маориф санаи оғози соли нави хонишро эълон кард

"Такрор мекунам, ин қарори ғайривоқеӣ ва мухолифи санадҳои байнулмилалӣ аст, зеро мо дар бораи эътирофи дипломҳо созишномаи байниҳукуматӣ дорем. Ин рақобати носолим аст. Хоҳ-нохоҳ донишҷӯёни ӯзбек назди мо барои таҳсил хоҳанд омад”, - таъкид кард Имомзода

Номбурда гуфт, барои онҳо тамоми шароитҳо фароҳам шуда, нархҳоро низ мутобиқи шартнома паст кардаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ