11:29 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
251 0 0

Масъулини ноҳияи Ҷайҳун эълон доштанд, ки ҳоло дар ноҳия 44 муассисаи таълимӣ, як гимназия ва ду боғчаи кӯдакона фаъолият мекунанд. Онҳо қайд карданд, ки ҳоло дар ноҳия 7 мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор доранд

ДУШАНБЕ, 24 июл - Sputnik.  Одинзода Абдулҳафиз, раиси ноҳияи Ҷайҳун рӯзи 22-юми июли соли равон дар нишасти матбуотӣ таъкид доштааст, ки дар давоми 29 соли Истиқлолияти кишвар дар ноҳияи Ҷайҳун ягон муассисаи таълимӣ аз сифр бунёд нашудаст, ки дар он хонандагон таълим гирифта истода бошанд, иттилоъ додааст сомонаи ҳафтаномаи “Фараж”.

Дар ҳамин ҳол, мудири шуъбаи кабинети методии шуъбаи моарифи ноҳияи мазкур Сайдаҳмад Қурбонов дар нишасти матбуотӣ қайд кардааст, ки ҳоло дар ноҳия 44 муассисаи таълимӣ, як гимназия ва ду боғчаи кӯдакона фаъолият мекунанд.

 Ин шахси масъул нигаронӣ аз он кард, ки 7 мактаби ноҳия ҳоло дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки аз ҳисоби мақомоти маҳал ва волидону соҳибкорон мактабҳои ноҳия таъмиру тармим шуда истодаанд. Аз 44 мактаб то имрӯз 27 муассиса пурра ба соли нави хониш омода шудааст. Аз ҳисоби падару модарон бо харҷи 27 ҳазор сомонӣ ва аз буҷети ноҳия беш аз 410 ҳазор сомонӣ барои таъмири мактабҳо ҷудо карда шудаст.

Раиси ноҳия Одинзода Абдулҳафиз низ дар нишаст зикр кардааст, ки имрӯзҳо 70 дарсади мактабҳои ноҳия аз таъмир бароварда шудааст.

“Дар маркази ноҳияи Ҷайҳун танҳо як муассисаи таълимӣ барои 624 хонанда сохтмонаш аз соли 2007 оғоз гардидаву то ҳол ба итмом нарасидааст. Мактаб барои 624 хонанда бо 26 синфхона, як толори варзишӣ ва як маҷлисгоҳ аз буҷети вилояти Хатлон оғоз гаштаю то ба имрӯз дар он сохтмон рафта истодааст. Арзиши харҷномавии иншоот 21 миллиону 36 ҳазор сомонӣ буда, маблағи корҳои сохтмонии то ҳол иҷрошуда беш аз 11 миллион сомонӣ аст”, - таъкид доштаанд масъулини ноҳия.

Барчаспҳо:
ҳолат, садамавӣ, сохта, муассисаи таълимӣ, мактаб, ноҳияи Ҷайҳун, Ҷайҳун, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ