22:53 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.15
  • RUB0.13
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
375 0 0

Мақомоти Тоҷикистон аз довталабони таҳсил дар Чин хоҳиш кардаанд, ки эҳтиёткор бошанд, чун донишгоҳҳои тақаллубӣ дар ин кишвар пайдо шудаанд

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Пекин, эълон кардаанд, ки ба ном донишгоҳҳое пайдо шудаанд, ки гӯиё дар Чин фаъолият мекунанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Чин барои таҳсил дохил шудан мехоҳанд, дар мавриди интихоб ва дохилшавӣ ба муассисаи таълимӣ ҳушёр бошанд, таъкид шудааст дар муроҷиатнома.

Мақомоти Тоҷикистон бо такя ба Вазорати маорифи Чин дар мавриди пайдо шудану ба таври қаллобӣ фаъолият намудани баъзе ба ном “донишгоҳ”-ҳое ҳушдор  додааст, ки гӯиё дар ҳудуди Чин фаъолият мекунанд.

Вазорати маорифи Чин аз кулли довталабоне, ки хоҳиши таҳсил дар муассисаҳои таълимии ин кишварро доранд, даъват ба амал овардааст, ки ҳушёр бошанд, то ба доми фиреби “донишгоҳҳои қалбакӣ” гирифтор нашаванд.

Вазорат афзуд, довталабон бояд қабл аз дархост гузоштану супоридани имтиҳонҳои қабул ба таври онлайнӣ ба торнамои расмии вазорат ва ё торнамои дигар мақомоти дахлдор дар WeChat ворид шуда, дар бораи муассисаҳои таълимии интихобкардаашон маълумоти дақиқ пайдо кунанд. 

Манбаъ таъкид кардааст, ки тамоми донишкадаву донишгоҳҳои сабтшуда дар вазорати мазкур рамзи истисноии худро доранд, ки шаҳрвандон онро дар торномаҳои низоми махсуси бақайдгирии довталабон пайдо карда метавонанд.

Барчаспҳо:
тақаллуб, довталабон, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ