Чил хонандаи як мактаб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сабаб ба дарс наомадаанд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевНачало учебного года в Таджикистане
Начало учебного года в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров раванди таҳсил дар мактабро шарҳ дода, таъкид намудааст, ки ҳудуди 40 хонанда бо сабаб ба дарсҳо ҳозир нашудаанд

ДУШАНБЕ, 22 авг – Sputnik. Нозим Назаров, директори МТМУ № 10 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтааст, ки шурӯъ аз соли нави хониш то имрӯз наздики 40 хонанда бо сабаб ба дарсҳо ҳозир нашудаанд.

“Баъзе аз хонандагон аз сабаби доштани таб ё дигар бемориҳо ба дарсҳо ҳозир нашудаанд. Волидони ин хонандагон бо ариза муроҷиат намуда оиди муваққатан озод намудани фарзандонашон аз дарсҳо рухсат пурсидаанд”, гуфтааст Назаров.

МТМУ № 10 бо доштани 1677 хонанда, аз калонтарин макотиби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб меравад, ки таҳсил дар ду баст ба роҳ монда шудааст.

Школьники - Sputnik Тоҷикистон
Аз норасоии синфхонаҳо то 45 дараҷа гармӣ: таътилро то 15 сентябр тамдид кунед

Назаров ҷараёни машғулиятҳои мактабӣ дар шароити хуруҷи бемории каронавирусро шарҳ дода афзудааст, ки ҳамарӯза қабл аз ворид шудан ба синфхонаҳо табъи ҳар як хонанда санҷида шуда ва дастони онҳо бо маҳлулҳои антисептикӣ тоза карда мешавад. Ба ҷуз ин синфхонаҳо ва саҳни мактаб бо истифода аз маҳлули хлор ду маротиба дар рӯз корҳои безараргардонӣ гузаронида мешавад.

Дарсҳои таълими меҳнат, табиатшиносӣ ва тарбияи ҷисмонӣ берун аз синфхонаҳо ва дар шароити боз доир карда мешавад, қайд намудааст, директор.

Директори мактаб таъкид намудааст, ки сар аз санаи 17-уми август то имрӯз ягон хонанда ва омӯзгорони мактаб бо сирояти бемории коронавируси навъи COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Вазорати маориф гуфт, таҳсил имсол чигуна доир мешавад: аз ниқоб то 1 метр фосила

“Ҳамаи хонандагон ниқоб доранд ва ҳамроҳ бо худ антисептик мегиранд. Дар саҳни мактаб барои шустушӯи дастон об ташкил карда шудааст. То имрӯз ягон нафар бемор сабт нашудааст”, гуфтааст, Назаров.

Лентаи хабарҳо
0