22:13 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (750)
570 0 0

Низоми таҳсил дар макотиби Ӯзбекистон ҳам ба шакли анъанавӣ ва ҳам фосилавӣ ба роҳ монда хоҳад шуд. Қарор оиди оғози таҳсилро ҳокимияти маҳаллӣ вобаста ба вазъи ҳамагирӣ қабул мекунад

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев вобаста ба масъалаи оғози фаъолияти макотиб дар кишвар ҷаласаи видеоӣ баргузор кард, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.

Пештар Вазорати маорифи Ӯзбекистон миёни волидон назарпурсӣ баргузор кард, ки дар он 5,5 миллион нафар ширкат намуд. Дар натиҷаи он муайян шуд, ки 76 дарсади волидон хостори оғози таҳсил дар шакли анъанавӣ буда, 24 дарсади дигар таҳсили фосилавиро интихоб карданд.

Назарпурсӣ: аксари волидон муқобили шурӯъ шудани дарсҳо аз авоили сентябр ҳастанд

Дар натиҷа ҳукумати кишвар қарор кард, ки якбора таҳсилро бо ду шакл анъанавӣ ва фосилавӣ ба роҳ монад.

"Бо назардошти ақидаи мардум ва пешниҳодҳои ҳокимият Шавкат Мирзиёев ба Вазорати маорифи Ӯзбекистон дастур дод, ки таҳсилро аз 14 сентябр оғоз кунанд", - омадааст дар хабарнома..

Ҳамчунин ба мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ супориш дода шудааст, ки дабистонҳоро бо лавозимоти зидди уфунӣ таъмин намоянд.

Қарор оиди оғози таҳсилро ҳокимияти маҳаллӣ вобаста ба вазъи ҳамагирии коронавирус, қабул мекунад.

Қаблан, хабар дода шуд, ки тибқи муқаррароти ҳукумати ин кишвар ва Вазорати маориф, дар манотиқҳое, ки хавфи паҳншавии маризии коронавирус сусттар аст, аз рӯзи 7 - уми сентябр шурӯъ ба таҳсил мекунанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (750)
Барчаспҳо:
президент, Шавкат Мирзоев, оғоз, таҳсил, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ