04:56 27 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
397211

Абдулҳафиз Азизов, яке аз омӯзгорони маъруфи даврони шӯравӣ ва истиқлоли Тоҷикистон дар синни 70-солагӣ оламро тарк кард

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Бобо Саидзода, сардори Шуъбаи маорифи ҳукумати шаҳри Исфара дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қалби омӯзгори маъруфи фанни кимиёи кишвар субҳи имрӯз дар зодгоҳаш деҳаи Сурх аз тапидан мондааст.

“Он кас солҳои ахир аз маризии қанд заҳмат мекашиданд. Ҳатто духтурон як пояшонро ҳам қатъ карда буданд. Як ҳафтаи ахир вазъашон вахим шуд ва ин субҳ вафот карданд”, - гуфт Бобо Саидзода.

Абдулҳафиз Азизов, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ миёни мардум ҳамчун "омӯзгори №1-и тоҷик" ном бурда мешуд ва шогирдонаш берун аз шӯравӣ ҷойҳои намоён мегирифтанд, 2 декабри соли 1950 дар деҳаи Сурхи ноҳияи Исфара ба дунё омадаст. Ӯ факултаи кимиёи Донишгоҳи давлатӣ (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) – и Тоҷикистонро хатм кардааст ва аз соли 1972 то дами марг омӯзгори фанни кимиё буд. Фаъолияти омӯзгориашро дар мактаби №29 (1972-1991) – и деҳаи Сурх оғоз карда, баъдтар директори гимназияи №6 (1992 – 2020) ва як соли ахир директори муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии "Академия Контакт Интернэшл" буд.

Бино ба маълумоти Шуъбаи маорифи ҳукумати шаҳри Исфара, шогирдони Абдулҳафиз Азизов ҳанӯз дар замони Шӯравӣ дар озмуну олимпиадаҳои иттифоқиву ҷаҳонӣ аз фанни кимиё ширкат намуда, медалҳои тиллоро ба даст оварда буданд.

Абдулҳафиз Азизов
Мақсуд Саидаминов
Абдулҳафиз Азизов

Бино ба ин манбаъ, гимназияи №6 таҳти роҳбарии Абдулҳафиз Азизов аз таълимгоҳҳои беҳтарини ҷумҳурӣ буд, ки 75 талабааш ғолиби озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, 152 талабааш баранда ва хатмкунанда бо медалҳои тиллою нуқра ва гувоҳномаи аъло буданд ва 95% - и хатмкунандагонаш (1003 нафар) ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ дохил шудаанд.

То ба ҳол 4 шогирди ӯ доктори илм ва беш аз 30 нафар номзадҳои илманд. Ин ҳама дастовардҳо Абдулҳафиз Азизовро ба маъруфтарин омӯзгори Тоҷикистон табдил дод, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ унвони Аълочии маорифи Тоҷикистон (1984) ва Иттиҳоди Шӯравӣ (1987), баъдтар “Муаллими сол” - и 1992 ва Корманди шоиста (1999) – и Тоҷикистонро ба даст овард.

Бобо Саидзода, сардори Шуъбаи маорифи ҳукумати шаҳри Исфара, мегӯяд, Азизов аввалин дорандаи Ҷоизаи Президент дар соҳаи маорифу илм мебошад ва аввалин омӯзгорест, ки аз тайи солҳои 2011 - 2015 узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон буд.

“Он кас асосгузори мактабхои типи нав дар Точикистон буданд. Ҳунӯз соли 1992 нахустин гимназия -коллеҷро ҳамин кас таъсис дода будаанд, ки ҳоло литсейи №1 – и шаҳри Исфара аст”, - гуфт Бобо Саидзода.

Хизматҳои Абдулҳафиз Азизов бо ордени "Нишони Фахрӣ", ифтихорномаҳои шӯъбаи сибирии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷамъияти умумииттифоқии химикони Иттиҳоди Шӯравӣ ва вазорати маорифи ҶТ қадрдонӣ шудаанд. Дар бораи фаъолияти омӯзгории марҳум телевизиони Тоҷикистон як филми махсуси мустанадеро низ таҳия намудааст. Намози ҷанозаи Абдулҳафиз Азизов имрӯз 6 октябр соати 14. 00 дар қабристони деҳаи Сурхи шаҳри Исфара баргузор мегардад.

Барчаспҳо:
аз дунё даргузашт, омӯзгор, маориф, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ