16:49 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
1836 0 0

Ҳукумати ВМКБ, навори мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро, ки фаъоли ҷамъиятӣ Музаффари Имомдод нашр кардааст, баррасӣ намуда, посух додааст, маблағгузории чунин макотиб мушкил буда, хуб мешуд, ки мардум кумак кунанд

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти ВМКБ, дар миқёси вилоят зиëда аз 300 муассисаи таълимӣ мавҷуд ҳастанд, ки 51 адади онҳо таъмирталаб ё дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

Сбор урожая хлопка в Турсунзаде
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Манбаъ афзуд, ки мактаби Равмед, ки бомаш аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав карда шуд, аз ҷумлаи мактабҳои хурдест, ки дар деҳаҳои дурдаст ҷойгир шудаанду ояндаашон имрӯз зери суол аст.

Нияти мақомот: мактабҳо бастаю талабаҳо ба интернат

“Дар ин мактаб ҳамагӣ 54 талаба таҳсил доранд, дар синфи 11 ҳамаги 3 талаба дарс мехонанд ва дар синфи 10 бошад тамоман талаба нест. Ба таълим дар ин мактаб 13 муаллим машғуланд. Дар ВМКБ муассисаҳои таълимие, ҳастанд (ибтидоӣ) ки ҳамагӣ 7 талаба доранд”, - иттилоъ дод манбаъ.

Мақомоти иҷроияи ВМКБ афзуданд, ки имрӯз мақомот аз як тараф мехоҳад ин мактабҳоро бандад ва ё ба мактаби ибтидоӣ табдил диҳад ва хонандагони синфҳои 5 -11 -ро дар мактаб интернатҳо ҷой диҳад.

“Мутаассифона, падару модарон бо ин иқдом розӣ нестанд, чунки мехоҳанд кӯдакон дар пешашон бошанд ва инчунин дар корҳои хона низ кӯмак расонанд. Ба замми ин ҳангоми бастани мактабҳои хурд ва ё табдил додани онҳо ба мактабҳои ибтидоӣ боиси бекории чандин муаллимон дар ин деҳаҳо мешавад. Аз тарафи дигар аз навсозӣ ва мабалағгузории онҳо ки имрӯз аз руи принсипи маблағгузории сарикасӣ аст аз нуқтаи назари иқтисоди хеле мушкил аст”, - иттилоъ дод мақомоти ВМКБ.

Ҳукумат гуфт, азнавсозии мактабҳои калон дар навбати аввал қарор дошта, таъмири мактабҳои хурд вақт мехоҳад ва масъала мавриди омузиши ҳаматарафа қарор дорад.

Мақомот инчунин таъкид кардаанд, ки ВМКБ имрӯз ягона минтақа дар Тоҷикистон аст, ки мактабҳо сад фоиз аз ҳисоби давлат сохта мешаванд, ҳангоме, ки дар дигар минтақаҳо ин корро соҳибкорон ё худи аҳолӣ анҷом медиҳанд.

“Бинобар ин мактаби деҳаи Равмедро низ дар даҳ соли охир камаш 40 то 50 кас хатм намуданд ва хуб мешуд, ки ҳар яки онҳо барои таъмири синфе, ки дар он ҷо 11 сол илм омухтанд, кӯмак расонанд. Дар бораи мактабҳои калоне, ки ҳазорон нафар онҳоро хатм намудаанд ва шукрона, ки имруз соҳиби касбу кор ва маблағ ҳастанд ҳоҷати гап ҳам бояд набошад. Таъмири синфхонае, ки дар он илму донишро аз худ кардам бояд шиори ҳар яки мо бошад”, - таъкид кардааст ҳукумати ВМКБ.

 

Барчаспҳо:
мактаб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ