05:31 22 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.27
  • RUB0.13
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
629 0 0

Дар миёни 50 муаллимони рус, ки озими Тоҷикистон шуданд, омӯзгорони фанҳои математика, забони русӣ, боилогия, химия вва физика мебошанд

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон, як гурӯҳ омӯзгорони рус вориди Тоҷикистон шуданд, хабар медиҳад сафорати Русия дар Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, аз Русия дасти кам 50 муаллим аз фанҳои математика, забони русӣ, биология, физика ва химия, ба хотири таълим додани хонандагон вориди ин кишвар шуданд.

Лоиҳаи башардӯстона, ки таҳти сарпарастии Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия ва парлумони Тоҷикистон амалӣ мешавад, соли 2017 оғоз ёфт.
Гуфта мешавад, омӯзгорони рус дар 22 макотиби шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ ва манотиқи дигари ҷумҳурӣ тақсим мешаванд.

Русия барои овардани омӯзгорони рус ба Тоҷикистон ҳавопаймои вижа мефиристад

Инчунин, Россотрудничества дар Тоҷикистон адабиёти гуногунро бо забони русӣ ба мактабҳои миёнаи вилояти Суғд интиқол додааст. Дар маҷмӯъ, 1659 китоб, аз ҷумла китобҳои дарсии забон ва адабиёти рус, хониши бадеӣ, китобҳои дарсӣ барои рушди нутқ, маҷмӯаҳои диктантҳо ва асарҳои эҷодӣ супорида шуданд.

Ёдовар мешавем, дар ояндаи наздик бо ибтикори вазоратҳои маорифи Тоҷикистону Русия, дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, панҷ мактаби русзабон кушода мешавад.

Таълим дар ин мактабҳо бо забонӣ русӣ ва дар доираи барномаи таълимии Вазорати маорифи Тоҷикистон сурат мегирад.

Барчаспҳо:
таълим, Тоҷикистон, омӯзгорони рус

Мавзӯъҳои асосӣ