07:33 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
326 0 0

Панҷоҳ омӯзгори рус дар ҳоле вориди Тоҷикистон мешаванд, ки роҳҳо баставу ҷанги Афғонистон ташдид меёбад

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ин нукта дар нишасте, ки барои пазироӣ аз 50 омӯзгори рус дар толори маркази илму фарҳангии “Россотрудничество” анҷом ёфт, зикр шуд.

Шамил Шамсутдинов, мушовири сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, гуфт, интиқоли омӯзгорон дар вазъияте, ки ба далели беҳдоштӣ марзҳо баставу тайёраҳо парвоз намекунанд, бо кӯмаки ҳамкорони тоҷик фароҳам шуд. Вай гуфт, Тоҷикистон вижагиҳои худро дорад ва авомиле ҳастанд, ки ба вазъи умумӣ таъсир мерасонанд.

 “Қабл аз ҳама ин ба таҳдидҳои хориҷӣ рабт мегирад, зеро кишвар бо Афғонистон, ҷое ки даҳсолаҳо ба ин сӯ оташи ҷанг хомӯш намешавад, ҳамсоя аст. Вазъи он ҷо рӯ ба ташаннуҷ гароидааст. Дар 200 – километрии Душанбе, ки дарёи Панҷ равон аст, марзи Афғонистон мегузарад. Дар як калом, он ҷо сахт ноором аст, ҳамчунон бояд шароити кӯҳистонӣ ва вазъи беҳдоштии Тоҷикистонро низ бояд ба назар гиред”, - гуфт Шамил Шамсутдинов.

Вуруди омӯзгорони рус ба Тоҷикистон замоне иттифоқ меафтад, ки мактабҳои ин кишвар ҳанӯз аз моҳи август ба ин сӯ фаъолият доранд, аммо кишвар ҳамоно бо пандемияи “вируси корона” дасту панҷа нарм мекунад.

Аз маълумоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки ҳамарӯза пахш мешавад, вазъи беҳдоштӣ дар кишвар он қадар вахим наменамояд. Аммо аз гирифтории даҳҳо нафар ва фавти одамон низ хабар пахш мешавад.

Ирина Сулжина, ҳамоҳангсози барномаҳои забони русии намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, мегӯяд, бо вуҷуди шароити ногувор ба Тоҷикистон омадани омӯзгорон ҳамаро хуш кардааст.

“Шумо, воқеан, сифати таълимро аз рӯи фанҳо баланд бурдед, ки пирӯзии шогирдони шумо дар олимпиадаҳо ва ширкати онҳо дар конфронсҳои илмиву амалӣ инро собит мекунад. Шумо ба фаъолияти тарҳ низ дастовардҳои бузург овардед. Аз ин хотир, дар Тоҷикистон ба шумо ниёз аст. Шумо набудед, аммо омӯзгорон аз мо мепурсиданд, ки онҳо кай меоянд, мо онҳоро хеле интизорем. Ин суханҳои самимӣ буданд”, - гуфт Ирина Сулжина.

 Тарҳи маърифатии эъзоми омӯзгорони рус барои тадрис дар макотиби Тоҷикистон таҳти сарпарастии палатаҳои болоии Русияву Тоҷикистон - Шӯрои Федератсия ва Маҷлиси миллӣ соли 2017 оғоз ёфт.

Дар соли таҳсили 2017 – 2018 26 нафари онҳо ба Тоҷикистон омаданд ва дар соли таҳсили 2018 – 2019 теъдоди онҳо ба 44 нафар расид.

Имсол омӯзгорони рус боз шаш нафари дигар зиёд шуданд, ки ин далели боризи афзудани таваҷҷӯҳи онҳо барои тадрис дар Тоҷикистон аст, он ҳам дар замонае, ки дар ҷаҳон пандемияи “вируси корона” ҳукмронӣ мекунад.

Аз сӯи дигар, бино ба иттилои намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, дар саросари ин кишвари кӯҳистонӣ ва шароити мухталиф машғули тадрис хоҳанд шуд.

Дар баробари шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ, ки шароити зиндагии шаҳриёна доранд, онҳо дар навоҳии дур аз шаҳрҳо, назири Ашт, Данғара, Рашт, Ашт, Кушониён, Бӯстон ва Бобоҷон Ғафуров низ ба тадрис хоҳанд пардохт.

Ба қавли ҳамоҳангсози барномаҳои забони русии намояндагии “Россотрудничество”, онҳо аз рӯи дархости шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии Тоҷикистон барои таълим даъват шудаанд.

“Мо бар асоси ин дархостҳо омӯзгоронро дар макотиби кишвар тақсим кардем. Маъмулан, онҳо дар макотиби тоҷикӣ ба тадриси забони русӣ ва дар макотиби русзабон ба таълими фанҳои дигар машғул хоҳанд буд”, - гуфт Ирина Сулжина.

Бино ба иттилои масъулин, вақтҳои охир дар Тоҷикистон талабот ба омӯзгорони улуми табиӣ ва дақиқ, назири математика, биология, физика ва химия афзуда, имсол бештари омӯзгорони тозаворид ба ин фанҳо ихтисос доранд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Тоҷикистон солҳои 2020 – 2040 - ро солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карда, тамоми сохторҳои илму маориф ва умуман, муассисаҳои иҷтимоиро вазифадор кардааст, ки ба таълими ин қабил илмҳо зиёдтар таваҷҷуҳ намоянд, то мафкураи техникии насли наврас қавӣ гардад.

Ба ҳамин минвол, омӯзгорони рус на фақат ба ҳимоят аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон барои рушди забони русӣ, балки дигар барномаҳо низ ҷалб мешаванд. Ҳамзамон ба қавли Шамил Шамсутдинов, на фақат омӯзгор, балки фиристодаҳои нияти неки забони русӣ ва фарҳанги Русия дар Тоҷикистон хоҳанд буд.

Барчаспҳо:
Афғонистон, вируси корона, омӯзгорон, муаллимон, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ