19:03 18 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
270 0 0

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ноҳияи Ванҷ, тақсими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон” то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар оилаи кишвар тақсим мешавад.

Манбаъ афзуд, ки ин туҳфа аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо роҳбарии Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ фиристода шуд.

Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илм иттилоъ дод, ки барои мардуми ноҳияи Ванҷ мутаносибан ба теъдоди хонаводаҳо 4408 китоб ҷудо шуда, он ба ҳар як хонавода дастрас карда мешавад.

Ҷаббори Қосим, раиси ноҳияи Ванҷ мегӯяд, тақсимоти китоби “Тоҷикон” имрӯз аз ноҳия оғоз гардида, доир ба масъалаи мазкур комиссияи махсус таъсис дода шудааст. Ин комиссия  раванди супоридани туҳфаи роҳбари давлатро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот назорат менамояд. 

Чойхонаи тоҷикон дар Амрико ба макони таърихӣ табдил ёфт

Ба иттилои Вазорати маориф, Хушвахт Искандаров, омӯзгори собиқадори ноҳия гуфтааст,  солҳо боз орзу дошт, ки ин китоби пурарзиш китоби рӯйимизии ҳар як фарди тоҷик бошад.

“Боварӣ дорам, ки ин амали нек ва шоиста дар раванди худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси бою пурғановати гузаштагон саҳми арзанда мегузорад”, - таъкид кардааст омӯзгор.

Барчаспҳо:
китоб, фарҳанг, маориф, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ