Соҳибкоре дар дурдасттарин деҳаи Мастчоҳ бинои нави таълимӣ бунёд кард

© Sputnik / Амир ИсаевХонандагони мактаб
Хонандагони мактаб - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло зимни ифтитоҳи мактаб ба соҳибкор, роҳбари ҶДММ "Роҳи Сомон" Амонов Фаррух барои бунёди бинои нав изҳори сипос намуд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бинои нави мактаби №18-и деҳаи Деҳҳавзи Ҷамоати деҳоти Лангар ба баҳрабардорӣ расид.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, ин иншоот аз ҷониби соҳибкор Фаррух Амонов бунёд гардидааст. 

"Бинои нави таълимӣ дорои 6 синфхона бо 110 ҷойи нишаст ва 2 ҳуҷраи корӣ барои омўзгорон буда, бо тамоми таҷҳизот таъмин гардидааст", - омадааст дар хабарнома.

Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло зимни ифтитоҳи мактаб, аз сиёсати маорифпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ба соҳибкор, роҳбари ҶДММ "Роҳи Сомон" Амонов Фаррух барои бунёди бинои нав изҳори сипос намудааст.

Хушхабар: Хайрхоҳе мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди Рӯшонро аз нав месозад-видео

Деҳҳавз яке аз дурдастарин деҳаҳои ноҳияи Куҳистони Масчтоҳ буда, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Лангар қарор дорад.

Манбаъ афзуда, ки бинои нави мактаб дар доираи бунёдкориҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0