Фармони нави Раҳмон баъди пешниҳодоти зиёд кардани стипендияю маош аз соли оянда

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон фармон дод, ки аз 1 январи соли оянда теъдоди стипендияҳои президентӣ барои аспирантони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ беш аз се баробар зиёд карда шавад

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Тибқи фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки моҳи равон имзо шуд, аз 1 январи соли 2021 барои аспирантони шӯъбаи рӯзона бояд 50 стипендияи президентӣ ҷудо карда шавад. Феълан теъдоди чунин стипендия барои аспирантҳо 15 ададро ташкил медиҳад.

Таджикские деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маош аз имрӯз зиёд шуд: Раҳмон масъалаи пардохти саривақтиро ба миён гузошт

Имзои ин фармон дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли равон дар мулоқот бо олимон барои зиёд кардани стипендияҳо ва музди омӯзгорони фанҳои дақиқу табиӣ пешниҳод карда буд.

Супориши Раҳмон барои афзоиши маоши омӯзгорон ва барандаҳои стипендияи Президент

Маҳз дар он мулоқот раисиҷумҳур таъкид кард, ки стипендияҳои президентӣ барои аспирантони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ аз 15 нафар то 50 нафар зиёд карда шавад.

“Ба вазоратҳои молия, маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои аз 1 сентябри соли 2021 зиёд намудани музди меҳнати омӯзгорони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар имтиёзҳо барои омӯзгорони чунин муассисаҳо, бахусус, омӯзгорони ҷавон ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд”, - дастур дода буд Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли равон.

Моҳи март Эмомалӣ Раҳмон инчунин пешниҳод карда буд, ки аз 1 январи соли 2021 шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар омӯхтани фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, аз 400 нафар то 3000 нафар зиёд ва андозаи маблағи он 500 сомонӣ муқаррар карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0