03:51 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
966 0 0

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, бо вуҷуди лағви чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба Соли нав дастур дод, ки аз ҳоли ниёзмандон дар арафи ид хабар гирифта шавад

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ ба масъулини марбута дастур дод, ки бо ҷалби соҳибкорони саховатпеша дар арафи Соли нави мелодӣ аз аҳволи беморону маъюбон дидан карда, ба ятимону шахсони эҳтиёҷманд кумаки моддӣ расонанд.

Шаҳрдор инчунин хотиррасон кардааст, ки бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шаҳри Душанбе "Пойтахти фарҳангии Иттиҳод" дар соли 2021 эълон карда шудааст.

“Бинобар ин, масъулини соҳаҳои марбутаро уҳдадор карданд,  ки ҷиҳати муаррифии пойтахт ҳамчун оинаи миллат нақша-чорабиниҳои мушаххасро таҳия намуда, гузаронидани чорабиниҳои илмию фарҳангиро дар соли 2021 амалӣ карда, тавассути воситаҳои ахбори омма инъикоси васеъи онро таъмин намоянд”, - омадааст дар иттилоия.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки ба далели паҳншавии коронавирус соли ҷорӣ чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба Соли нав гузаронда нашаванд. Ҳадафи ин иқдом ҷилавгирӣ аз мавҷи дигари коронавирус арзёбӣ шуда буд.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ