18:51 16 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
25910

Акбар Ғуломов, раиси ширкати “Ғаюр”, ки ахиран бархе сабукиҳои андозӣ гирифт, дар шаҳри Душанбе мактаби нав ва дар ноҳияи Ёвон, кӯдакистон месозад

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Саъдӣ Сангинмурод, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, зимни тавзеҳи сабукиҳо ба ширкати “Ғаюр” аз лоиҳаҳои иҷтимоии ин корхона гуфт.

“Айни замон сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 нафар хонанда дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва муассисаи томактабии замонавӣ барои 500 нафар дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон идома дорад. Аз шумо, хоҳиш менамоям, ки созишномаро ҷонибдорӣ кунед”, - изҳор дошт Сангинмурод.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Саингинмурод афзудааст, ки гурӯҳи ширкатҳои “Ғаюр”, то ҳол мактаби миёна барои 640 нафар хонанда, муассисаи таълимии Коллеҷи технологию фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сохта ба истифода дод.

Инчунин зикр шудааст, ки аз ҷониби “Ғаюр” таъмир, навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаи томактабии воқеъ дар деҳоти “Кангурт”-и ноҳияи Темурмалик анҷом дода шудааст.

Барчаспҳо:
сохтмон, мактаб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ