01:44 21 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
145 0 0

Дар маркази шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд муҷассамаи “Рамзи китоб” бо баландии 14 метр бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. “Рамзи Китоб” бо баландии 14 метр дар маркази шаҳри Панҷакент қомат хоҳад афрохт, хабар додаст ҳукумати шаҳр.

Ба иттилои манбаъ, ҳалқаи давраи поёнии деворпоя - 20 метр, ҳалқаи поёнӣ - 5,5 метр ва давраи болоӣ - 4 метрро ташкил медиҳад.

“Он аз 5 сутунпоя - ишора ба номи қадимии Панҷакент, яъне шумораи “панҷ” ва “кат” аз забони суғдӣ – деҳа иборат мебошад. Дар болои сутунпоя давраи электронӣ ҷойгир аст, ки дар он мисраъҳо аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик ҳамчун сатри равон мунтазам пахш мегарданд”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли мақомоти Панҷакент.

Илова шудааст, ки аз болои давраи электронӣ кураи Замин бо ифодаи харитаи Тоҷикистон ва дар кунҷи чап номи Панҷакент омадааст. Бар асоси тарҳ, дар атрофи кураи Замини тасвирёфта хомаву ранг ва китоби кушода нишон дода шудаанд.

“Дар китоб мисраъҳо аз ашъори сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик, Одамушшуаро, устоди шоирон — Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳаккокӣ шудаанд”, - таъкид кардааст манбаъ.

Зикр шудааст, ки “Рамзи китоб” ба ифтихори баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гузошта мешавад, ки ба як озмуни миллӣ табдил ёфтааст.

Барчаспҳо:
Панҷакент, рамз, китоб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ