Ректор маоши омӯзгоронро зиёду хобгоҳашонро бепул кард

© Таджикский государственный университет коммерцииКурбонзода Махмадали Рахмат, ректор Таджикского государственного университета коммерции
Курбонзода Махмадали Рахмат, ректор Таджикского государственного университета коммерции - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маоши кормандонашро дар соли ҷорӣ боло бурдаву омӯзгоронро аз ҳаққи пардохтпулӣ дар хобгоҳ озод кардааст

ДУШАНБЕ, 13 январ - Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи расмии донишгоҳ, дар ин бора Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ректори донишгоҳ зимни натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 иттилоъ додааст.

Таджикские деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат аз буҷа маблағи бештар ҷудо кард

Ба иттилои манбаъ, бар асоси фармоиши релтор, аз 01 январи соли 2021 андозаи музди меҳнати ҳамаи кормандони донишгоҳ 5 фоиз зиёд ва ҳамзамон омӯзгорону кормандони донишгоҳ, ки дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекунанд аз пардохти маблағ барои истиқомат озод карда шаванд.

Гуфта мешавад, соли 2020 музди меҳнати кормандони донишгоҳ ба ҳисоби миёна дар як моҳ сари ҳар як корманд чунин буд: роҳбарият 3440 сомонӣ; омӯзгорон 2953 сомонӣ, кормандони ёрирасон 1749 сомонӣ; шуъбаи хоҷагидорӣ 1086 сомонӣ, дар маҷмӯъ 2507 сомониро ташкил медод.

Фармоиши вазири маориф: маоши омӯзгорон пардохт мешавад, қисме ба рухсатӣ мераванд

Қурбонзода Маҳмадалӣ ҳамзамон, зимни суханронӣ доир ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони болаёқати дар бозори меҳнат рақобатпазир, гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ, нигоҳ доштани мавқеи донишгоҳ дар байни панҷгонаи беҳтарини макотиби олии кишвар, истифодаи босамари технологияи иттилотию коммуникатсионӣ, ва дигар масоили муҳимму мубрами мавриди назар ибрози андеша намуданд.

Лентаи хабарҳо
0