12:22 17 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
147110

Абдуқодир Тошқулови 45-cола, зодаи ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон аз шахсони боэътимоди Шавкат Мирзиёев гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Палатаи поёнии парлумони Ӯзбекистон рӯзи 13 январ номзадии Абдуқодир Тошқуловро ба вазифаи вазири маълумоти олӣ ва миёнаи махсус пешниҳод кард, хабар медиҳад Sputnik  Ӯзбекистон ба нақл аз хадамоти матбуоти Олий Маҷлиси Ӯзбекистон.

Ба иттилои манбаъ, тибқи тартиб, дар марҳилаи оянда пас аз тасдиқи фармон аз ҷониби Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон, Абдуқодир Тошқулов метавонад ба кор оғоз кунад.

Ӯ дар ин мақом Инъом Маҷидовро, ки аз соли 2017 дар ин курсӣ менишаст, иваз хоҳад кард.

Абдуқодир Тошқулови 45-cола, зодаи ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон аз шахсони боэътимоди Шавкат Мирзиёев гуфта мешавад.

Соли 2017 бо қарори ҳукумати Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов ректори Донишгоҳи давлатии Тирмиз таъйин шуд ва худи ҳамон сол сенатори Ӯзбекистон интихоб шуд.

Узви Сенати Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки 1 марти соли 2020 ва интихоботи президентии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор гардид, нозир буд.

"Абдуқодир Тошқулов, миллаташ тоҷик пай дар пай ду даъват - аз соли 2009 то 2017 вакили палатаи поёнии парлумони Ӯзбекистон буд", -  омадааст, дар иттилоияи Комиссияи марказии интихоботии ҷумҳурӣ.

Барчаспҳо:
парлумон, мақом, тоҷик, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ