23:08 08 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
1236 0 0

Кишвардори Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе дар "Шаҳраки донишҷӯён" бинои нави факултаи иқтисод ва молияро мавриди истифода қарор доданд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Имрӯз бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон бинои нави факултаи иқтисод ва молия ва ҳамчунин хобгоҳи замонавӣ барои донишҷӯён мавриди истифода қарор дода шуд.

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, бинои нави таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 5048 нафар пешбинӣ шудааст.

Раҳмон дар Балҷувон аз бинои Хадамоти муҳоҷират то хобгоҳ ва боғчаи кудакон ифтитоҳ кард

Иншооти мазкур аз ду қисми 7-ошёнагӣ иборат буда, дар он факултети молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ ҷойгир мебошад.

Таъкид гардидааст, ки бинои нави таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати сохтмонии ватанӣ Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди "Азизӣ-сохтмон" бо тарҳи наву замонавӣ сохта шудааст.

Раҳмон гуфт, дар панҷ сол ҳоҷати воридот намемонад: ифтитоҳи корхонаи санги хорову мармар

Аснои шиносоӣ роҳбари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бино, ки аз ҷониби мутахассисони ватанӣ анҷом дода шудааст, баҳои баланд дод.

Раисҷумҳур пас аз ифтитоҳи иншоот аз устодон ва кормандони соҳаи илму маориф талаб намуд, ки дар самти тарбия намудани ҷавонони худогоҳу худшинос ва мутахассисони варзидаи талаботи бозори меҳнат бештар таваҷҷуҳ намоянд.

Барчаспҳо:
ифтитоҳ, бино, хобгоҳ, Рустами Эмомалӣ, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ