Қарори Ҳукумат: аз мақоми нави Шоҳиён то хориҷсозии Фақеров

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат дар ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми кишвар тағйирот ворид кардааст

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон ҳайати нави мушовараи Вазорати маориф ва илмро тасдиқ кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. 22. 10.2019 - Sputnik Тоҷикистон
Ашхоси боэътимод: Эмомалӣ Раҳмонро киҳо ба мардум таблиғ мекунанд?

Бар асоси қарор, ки Эмомалӣ Раҳмон ахиран имзо кард, Шоҳиён Нуралӣ Набот узви ҳайати мушовараи Вазорати маориф шудааст.

Шоҳиён аз соли 2016 то ҳол ректори Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад. Ӯ соли 1959 дар ноҳияи Муъминобод таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи муҳандисӣ-сохтмонии Киев мебошад. Бар асоси ҳолномаи расмияш, ки дар сомонаи Донишгоҳи давлатии Данғара нашр шудааст,  ӯ забонҳои русӣ ва украиниро бо луғат медонад.  

Тибқи тасмими Ҳукумат Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович аз ҳайати мушовараи Вазорати маориф хориҷ карда шудааст.

Ҳамидуллохон Фақеров охири соли гузашта аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод шуда, ба ҷои ӯ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ректори долнишгоҳи мазкур таъйин гардида буд. Далели барканории Фақеров гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0