08:19 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
101 0 0

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст, ки Ҳукумати Сербия барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар ду бурсия ҷудо кардааст

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”-и Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба маълумоти довталабон расондааст, ки ду бурсияи таҳсил дар Сербия ҷудо шудаанд.

Открытие нового здания факультета политики и государственного управления Государственного университета Бохтара
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Ба иттилои манбаъ, Сербия ду бурсияи таҳсилии барномаи “Ҷаҳон дар Сербия” барои шаҳрвандони Тоҷикистонро ҷудо намудааст. 

Барномаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Сербия маблағгузорӣ гардида, пардохти хароҷоти таҳсил дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва докторантура дар бар мегирад.

Ба иттилои хабаргузории “Ховар”, дар доираи барнома  пардохти хароҷоти ҷойи хоб, хурду хӯрок дар марказҳои донишҷӯён ва стипендияи моҳона дар ҳаҷми 150 доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Таъкид шудааст, ки муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 28 январи соли равон мебошад. Аз хоҳишмандон даъват шудааст, ки барои супоридани ҳуҷҷатҳо ба Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 муроҷиат намоянд.

Барчаспҳо:
таҳсил, бурсия, Сербия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ