09:11 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
212 0 0

Дар фестивале, ки хонандаи синфи 7 аз ноҳияи Ҷаббор Расулов пирӯз шуд, намояндагони 27 кишвар иштирок доштанд

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Лайло Ёқубова хонандаи синфи 7 мактаби №11-и ноҳияи Ҷаббор Расулов дар 8 - умин Фестивали байналмилалии "Шодии Тошканд" ғолиб омад, хабар медиҳад Маркази маорифи иловагӣ дар вилояти Суғд.

Ба иттилои манбаъ, хонандаи тоҷик узви маҳфили "Рассоми эҷодкор"- и Маркази таҳсилоти иловагӣ мебошад.

Гуфта мешавад, Лайло Ёқубова таҳти роҳбарии Нозима Раҳимбоева ба кумитаи тадорукоти озмуни мазкур, ки тариқи фосилавӣ баргузор гардид, расмҳои кашидаашро дар мавзӯъҳои "Олами рангини кӯдакон", "Ҷаҳоне, ки ман сукунат дорам", "Ватани ман", "Орзуи ман" пешниҳод намуд.

Фестивали байналмилалии кӯдакон "Шодии Тошканд" аз соли 2004 инҷониб аз ҷониби Академияи рассомии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва корҳои хориҷии ин кишвар дар ду сол як маротиба байни кӯдакони аз 5 то 15-сола баргузор мегардад.

Чӣ гуна рассоми бе даст аз Ӯзбекистон асар меофарад - видео

Имсол ба кумитаи тадорукоти 8- умин Фестивали байналмилалии "Шодии Тошканд" зиёда аз 2 ҳазор асарҳои кӯдакон аз 27 кишвари олам, аз ҷумла Фаронса, Ҳиндустон, Чин, Амрико, Озарбойҷон, Малайзия, Миср, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Исроил, Тоҷикистон, Русия, Латвия ва ғайра пешниҳод гардиданд.

Манбаъ меафзояд, асарҳои тасвирнамудаи Лайло Ёкубова дар намоишгоҳи доимии 8- умин Фестивали байналмиллалии "Шодии Тошканд" ба намоиш гузошта мешаванд.

Барчаспҳо:
рассомӣ, Тошканд, тоҷик, хонанда, пирӯзӣ

Мавзӯъҳои асосӣ