Вокуниши Ҳукумат баъди маҳдудсозии дарси “Ахлоқу маърифат” ва норозигии бархе исмоилиён

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПредседатель ГБАО Ёдгор Файзов
Председатель ГБАО Ёдгор Файзов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Обуна шудан
Гуруҳи сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баъди маҳдуд намудани дарси “Ахлоқ ва маърифат” барои исмоилиён дар вилоят хостори дубора роҳандозӣ кардани ин дарс шуданд
ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Дар пайи баҳсҳо атрофи манъи дарси “Ахлоқ ва маърифат” ва норозигии бисёре аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ бо масъулини давлатии умури дин ва созмонҳои ҷамоатӣ ҷаласа баргузор кард.
Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2019
Ёдгор Файзов аз хизматҳои Оқохони IV дар рӯзҳои душвори мардуми Тоҷикистон гуфт
Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, таълими дарси “Ахлоқ ва маърифат” дар муассисаҳои таълимии қаламрави вилоят аз солҳои 90-уми асри гузашта, дар асоси иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва инчунин Кумитаи дини кишвар расман иҷозат буд.
“Бо гузашти аём бо дарназардошти роиҷ будани таълимоти дунявӣ дар муассиаҳои таълимии давлатӣ ва зиëд шудани шумораи кӯдакони ғайриисмоилӣ дар мактабҳои вилоят, бахусус дар шаҳри Хоруғ, камчинии вақт, соатҳои дарсӣ,  синфхонаҳо ва дигар мушкилоти динии ҷаҳони имрӯза таълими ин дарс муваққатан боздошта шудааст”, - гузориш дод котиботи ҳукумати ВМКБ.

Пешниҳодҳои Файзов ва интизории эҳёи дубораи дарсҳо

Файзов бо ишора ба таҷрибаи таълими ин фан дар кулли мамолики дигаре, ки дар он ҷамоати исмоилия иқомат дорад, якчанд роҳи таълими ин фанро пешниҳод намуд.
“Баъди ҳаматарафа санҷидани ҳамаи паҳлуҳои шаклҳои пешниҳодшуда,  ширкатдорон аз мактаб баровардани ин фанро тақозои замон дониста, дар сатҳи маҳал - ҷамоатхона, хонаҳо, биноҳои шахсӣ ташкили он барои кӯдакон ва волидайнро ба мақсад мувофиқ шумориданд”, - омадааст дар иттилоия.
Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилоят ва созмони ИТРЕБ ба мувофиқа расиданд, ки масъаларо ҳаматарафа омӯхта, ҳуҷҷатҳои заруриро омода сохта, бо органҳои болоии худ мувофиқа мекунанд. Тасмим гирифта шуд, ки уҳдадории ҳарду тараф бояд хеле равшан возеъ муайян карда шавад.
Ба иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, интизор меравад, ки рӯзҳои наздик коршиносони мақомоти давлатӣ ва намояндагони таълимоти мазҳабӣ, модели навро хуб кор карда, таълими ин фан дубора шурӯъ мешавад. Таъкид шудааст, ки дарси мазкур, холӣ аз ҳамаи намудҳои хурофот, бартарӣ додани мақоми як мазҳаб ва ë равия нисбати дигар мазҳаб ва таълимоти диниву экстремистӣ буда, фақат ғояҳои ахлоқу маърифатро ба кӯдакон пешкаш менамояд.
Манбаъ афзуд, ки имрӯз ҷамоати исмоилия аз ҳамаи ҳуқуқҳои худ бархӯрдор буда, бо ҳамаи мусулмонон ва пайравони динҳои дигар дар мамлакат баробар ва дӯстона зиндагӣ ва кор мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0