12:53 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
165 0 0

Вазорати маорифи Тоҷикистон қазияи 15 донишҷӯи тоҷикро, ки дар Қазоқистон дар ҳоли ихроҷ шудан аз донишгоҳ қарор доранд, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 5 фев— Sputnik. Ахиран 15 донишҷӯи тоҷик, ки дар риштаи ординатураи Донишгоҳи тиббии ба номи С. Д. Асфендиярови Алмаатои Қазоқистон таҳсил мекунанд, гуфтанд бе асос аз ҷониби раёсати донишгоҳ ихроҷ карда мешаванд.

Вазорати маорифи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ ин қазияро шарҳ доду гуфт, дар воқеъ дар ин росто ба онҳо муроҷиат кардаанд.

"Раёсат дар ин самт корбарӣ карда истодааст. Тақрибан ду рӯз пеш мо бо сафорат дар Қазоқистон суҳбат кардем, як мактуби дастгирӣ вобаста ба таври ройгон идома додани таҳсил аз номи Вазорат равон карда шуд ва аз оҳанги суҳбат интизор меравад, ки ҳамаи онҳо ба таври ройгон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд", - гуфт намояндаи Вазорат.

Ба иттилои манбаъ, аз шумули 15 нафари донишҷӯён танҳо як донишҷӯ бо бастаи ҳуҷҷатҳо ба Вазорати маорифи Тоҷикистон барои идомаи таҳсил дар ин ҷо муроҷиат кардааст, ки ин масъала низ дар баррасӣ қарор дорад.

Вазорат шарҳ дод, ки аслан вақте донишҷӯи тоҷик вориди донишгоҳи хориҷ мешавад, бо ӯ танҳо барои таҳсил дар як зина қарордод баста мешавад.

"Созишномаи дуҷонибае, ки имзо шудааст, танҳо як зинаи таҳсил - бакалавр, магистр ё ординатурараро фаро мегирад. Вале аксари донишҷӯёни тоҷик баъди анҷоми як зинаи таҳсил хоҳиш доранд, ки таҳсилро дар зинаи болоӣ идома диҳанд, ки муттаасифона ин дар қарордодҳои мо пешбинӣ нашудааст", - таъкид шуд дар нишасти хабарӣ.

Дар ин росто Вазорат мегӯяд, аз ҷониби донишгоҳ талаб мекунанд, ки таҳсил дар дигар зина пардохт карда шавад.

Вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода гуфт "мо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд, бетафовут нестем ва ҳамеша дархост мекунем, нома менависем, занг мезанем кӯшиш мекунем, ки мушкил ҳал шавад, вале ҳаст ҳолатҳое, ки аз имконоти мо берун аст, ин чиз табиӣ аст", - гуфт вазир.

Ёдрас мешавем, ки ахиран ду донишҷӯи тоҷик аз донишгоҳи низомии Горди миллии Қазоқистон дар шаҳри Петропавловск, дар пайи муноқиша бо донишҷӯёни қазоқ ва ба иттиҳоми нақзи муқаррароти дохилӣ, ихроҷ шуданд.

Вокуниши донишҷӯёни тоҷики донишгоҳи низомии Қазоқистон ба ихроҷи худ аз ин донишгоҳ

Онҳо ин иқдоми донишгоҳро ғайриинсофона унвон кардаанд.

Зиёратшоҳ Қурбонов ва Аваз Қурбонов, муддаӣ ҳастанд ки омилони даргирӣ донишҷӯёни қазоқ будаанд ва раёсати донишгоҳ ба иштибоҳ ин ду афсари тоҷикро гунаҳкор дониста аст.

Барчаспҳо:
тиббӣ, донишгоҳ, Вазорати маориф, Қазоқистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ