02:57 19 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Список

Аз ҲИИТ ва ҲСТ шаш номзадӣ дар интихобот ширкат меварзанд

© Flickr/ Alessandro Valli
Интихобот - 2015
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Ҳизбҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва сотсиалистӣ ба ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ 6 номзадӣ пешниҳод кардаанд.

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Ҳизби ислоҳоти иқтисоди ва ҳизби сотсиалистӣ бо шаш номзадӣ дар интихоботи парлумонии оянда дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ширкат хоҳанд кард, иттилоъ доданд шабакаҳои миллии телевизиони кишвар рӯзи якшанбеи гузашта.

Анҷумани Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ки 13-уми декабр дар кохи Иттифоқҳои касаба бо ширкати 112 вакил баргузор шуд, 5 мард ва 1 бонуро ба номзадӣ пешниҳод кардааст.

Дар садри феҳрести ин ҳизб Олим Бобоев, раиси ҳизб қарор дорад. Аз паси ӯ аз Рустам Қудратов, Машраб Файзуллоев, Рустам Назаров, Абдулатиф Раҳимов ва Шаҳрбону Машрабова ном бурда мешавад.

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон як рӯз пас 14-уми декабр Анҷумани худро дар ҳамин толор бо ширкати 100 вакил доир кард. Дар рӯйхати ҳизбии сотсиалистҳо низ 5 мард ва як зан пешниҳод гардидаанд.

Номзадҳои сотсиалистҳо Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҳизб ва Ниёз Ҷумъаев, Зариф Наимов, Мавлуда Раҷабова, Изатулло Ғаниев ва Маъруфхӯҷа Юсуфов мебошанд.

Маврид ба ёдоварист, дар парлумони феълӣ ҲИИТ ду намоянда дорад, аммо ҲСТ ҳанӯз ҳизби парлумонӣ нашудааст.

Ба нздикӣ панҷ ҳизби дигар Анҷуманҳои худро доир месозанд: ҲНИТ- 16 декабр, ҲСД-17 декабр, ҲАТ-18, ҲДТ-20 ва ҲКТ рӯзи 27 декабр.

Номзадҳо ба вакилии парлумон ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурпиявӣ дар анҷумани аҳзоб ва номзадҳо ба ҳавзаҳои якмандатӣ дар ҷаласа ва пленумҳои созмонҳои ибтидоӣ пешниҳод мешаванд.

Интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 1 марти соли 2015 таъйин шуда, интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» рӯзи 1 марти соли 2015 гузаронида мешавад. Замони интихоби аъзои палати болоӣ, ё Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи 27 марти соли оянда таъйин шудааст.

Барчаспҳо:
парлумонӣ, анҷуман, интихобот, ҷаласа, ҲДТ, ҲАТ, ҲИИТ, ҲСДТ, ҲНИТ, Зариф Наимов, Абдуҳалим Ғаффоров, Олим Бобоев, ҷумҳурӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ