10:58 20 феврали 2018
Пахши мустақим
Собрание ПИВТ. Архивное фото

ҲНИТ рӯйхати номзадҳояшро тасдиқ кард

Официальная страница ПИВТ в Facebook
Интихобот - 2015
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номзадии 28 нафарро барои ширкат дар интихоботи парлумонии соли 2015 тасдиқ кард, хабар медиҳад сомонаи Авеста.

Дар ин рӯйхат раиси ин ҳизб — Муҳиддин Кабирӣ, Зарафо Раҳмонӣ, аъзои фаъоли ҲНИТ, Ҳикматулло Сайфуллозода, собиқ сухангӯ, Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввал, Муҳамадалӣ Ҳайит, яке аз дигар муовинони раиси ҳизб ҷой доранд. Дар маҷмуъ, аз 28 номзади рӯйхати ҲНИТ 6 нафарро занҳо ташкил медиҳанд.

Анҷумани 11-уми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон соати 9-30 дақиқаи субҳи 16 декабр дар қароргоҳи марказии ин ҳизб воқеъ дар Душанбе, шуруъ шуд.

Зимни ин анҷуман ҲНИТ номзадҳои худро барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ пешбарӣ мекунад. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб изҳор дошт, ки аз 540 нафар вакили даъватшуда ба анҷуман то кунун 513 нафар ҳузур пайдо кардаанд.

Ҷараёни баргузории анҷумани ҲНИТ-ро намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, намояндагони ҳукумат ва ВАО назорат мекунанд.

Анҷумани наҳзат дар ҳоле дар қароргоҳи ҳизб баргузор мешавад, ки қаблан масъулони ин ҳизб барои дарёфти толори бузургтар ба мақомоти шаҳри Душанбе ва Дастгоҳи раиси ҷумҳурӣ мактуб навишта буданд. Аммо ба мактуби худ посухи мусбат пайдо накарданд.

Дар интихоботи парлумонии соли 2010, ки ҲНИТ ширкат дошт, 8 дарсади раъйи мардумро ба даст овард. Он замон раиси ҲНИТ изҳор дошта буд, ки интихобот ғайри демократӣ барпо шудааст. Ба бовари Кабирӣ ҳизби вай дар соли 2010 бештар аз 30 дарсади раъйро ба даст оварда буд.

Барчаспҳо:
анҷуман, интихоботи парлумонӣ, ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ