23:54 21 феврали 2018
Пахши мустақим
Шокирджон Хакимов, архивное фото

ҲСДТ дар толори Иттифоқи касаба анҷуман баргузор мекунад

Официальная страница Ш. Хакимова в Facebook
Интихобот - 2015
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон анҷумани пешазинтихоботиашро 20 декабр дар толори Иттифоқҳои касаба баргузор мекунад, хабар медиҳад сомонаи Тоҷнюс.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ ин хабарро тасдиқ кардааст. Қаблан масъулини ҳизб мегуфтанд, ҳеч толоре дар Душанбе омода нест баргузории анҷумани онҳоро ба уҳда бигирад.

То кунун ҳизбҳои аграрӣ, халқии демократӣ, сотсиалистӣ ва наҳзат анҷуманҳояшонро баргузор ва номзадҳояшро барои ширкат дар интихобот тасдиқ карданд.

Баргузории анҷумани ҳизби демократҳо низ 20-уми декабр дар толори меҳмонхонаи "Грантҳотел" дар назар гирифта шудааст. Ҳизби комунисти Тоҷикистон бошад 27-уми декабр анҷуман баргузор хоҳад кард.

Мавзуъ

Ба Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ боз як ҳамла сурат гирифтааст
Барчаспҳо:
анҷуман, интихоботи парлумонӣ, ҲСДТ, иттифоқҳои касаба, Шокирҷон Ҳакимов, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ