КМИРТ ҳавзаҳои интихоботӣ дар хориҷро эълон кард

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкҚуттӣ барои раъйдиҳӣ. Акс аз бойгонӣ
Қуттӣ барои раъйдиҳӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асоси ин рӯйхат, КМИРТ дар Русия, ки теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар ба сар мебаранд, ҳамагӣ 3 ҳавзаи интихоботӣ таъсис мекунад.

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) қарори худ дар мавриди ташкили участкаҳои интихоботӣ барои интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015 дар хориҷ аз кишварро ба тасвиб расонид, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Тибқи ин қарор, ки дар асоси пешниҳоди Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон содир шудааст, дар хориҷ аз кишвар 35 участкаи интихоботӣ, аз ҷумла дар Русия се участка ва дар қаламрави Афғонистон 4 участка ташкил мешавад. Ин кумисюн мегӯяд, учатскаҳои интихоботии мазкур дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон ташкил хоҳад шуд.

1. Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия (шаҳри Вена);

2. Сафорати Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб (шаҳри Абу Забӣ);

3. Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (шаҳри Кобул);

4. Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус (шаҳри Минск);

5. Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия (шаҳри Бруссел);

6. Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ (шаҳри Лондон);

7. Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон (шаҳри Остона);

8. Сафорати Тоҷикистон дар давлати Қатар (шаҳри Давҳа);

9. Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон (шаҳри Бишкек);

10. Сафорати Тоҷикистон дар давлати Кувайт (шаҳри Ал Кувайт);

11. Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб (шаҳри Қоҳира);

12. Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон (шаҳри Боку);

13. Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон (шаҳри Берлин);

14. Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон (шаҳри Исломобод);

15. Сафорати Тоҷикистон дар Русия (шаҳри Маскав);

16. Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (шаҳри Риёз);

17. Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия (шаҳри Анқара);

18. Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон (шаҳри Ашқобод);

19. Сафорати Тоҷикистон дар Украина (шаҳри Киев);

20. Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбакистон (шаҳри Тошкент);

21. Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса (шаҳри Париж);

22. Сафорати Тоҷикистон дар Чин (шаҳри Пекин);

23. Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон (шаҳри Деҳлӣ);

24. Сафорати Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария (шаҳри Женева);

25. Сафорати Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико(Вашингтон);

26. Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (шаҳри Теҳрон);

27. Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон (шаҳри Токио);

28. Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато (Ҷумҳурии Қазоқистон);

29. Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Дубай (Амороти Муттаҳидаи Араб);

30. Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул (Ҷумҳурии Туркия);

31. Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург (Федератсияи Русия);

32. Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа (Федератсияи Русия);

33. Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Қундуз (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон);

34. Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Мазори Шариф (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон);

35. Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон).

Лентаи хабарҳо
0