Феҳристи номзадҳои шаш ҳизб ба КМИР пешниҳод шуд

© Sputnik / Владимир АстапковичБаршумории варақаҳо
Баршумории варақаҳо - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон то ба ҳол ба Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии кишвар рӯйхати номзадҳояшон ба интихоботи парлумониро пешниҳод кардаанд.

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. То ба ҳол шаш ҳизби расмӣ рӯйхати номзадҳояшонро аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуривӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ супоридаанд, гуфтааст Абдуманнон Додозода, роҳбари дастгоҳи КМИР ба Радиои Озодӣ.

"Дар маҷмӯъ шаш ҳизби сиёсӣ исми 78 номзадро барои интихобти парлумонӣ пешбарӣ кардаанд", — хабар додааст Додозода.

Вай афзудааст, аз ин 78 нафар, Ҳизби халқӣ демократӣ 28, Ҳизби наҳзати исломӣ 27, Ҳизби сотсиалистӣ 6, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 6, Ҳизби коммунист 7 ва Ҳизби демократ 4 нафарро ба ҳайси номзад ба интихоботи парлумонӣ пешниҳод кардаанд. Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон қарор аст имрӯз — 5-уми январ рӯйхати номзадҳояшонро ба интихоботи парлумонӣ пешниҳод кунанд.

Тағоймуродов номзади интихоботи парлумонии Тоҷикистон шуд

Бар пояи қонуни интихоботи Тоҷикистон, пешниҳоди номзадҳо аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ дар анҷуманҳои ҳизбҳо сурат мегирад. Номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ дар маҷлисҳои маҳаллии аҳзоб пешбарӣ мешаванд. Ҳамчунин шаҳрвандон ба таври мустақилона метавонанд худро номзад кунанд ва дар сабқат барои курсии парлумон мубориза баранд.

Тибқи қонуни интихоботи порлумони Тоҷикистон, пешбарии номзадҳо ба интихоботи Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаҳои якмандатӣ 60 рӯз пеш аз интихобот шурӯъ шуда, 15 рӯз давом мекунад. Интихоботи навбатии маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон ба рӯзи 1 март таъин шудааст ва ба ин далел, пешбарии номзадҳо аз ҳавзаҳои инфиродӣ 30 декабр оғоз ёфт.

Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон 1-уми март таъин шудааст.

Лентаи хабарҳо
0