15:16 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Интихобот - 2015
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

ҲНИТ дар конфронси пешазинтихоботӣ дар ҳавзаи рақами 33, ки се ноҳияи Қумсангир, Румӣ ва Ҷомиро дар бар мегирад, номзадҳои худ ба вакилии Маҷлиси намояндагонро аз ҳавзаи якмандатӣ баррасӣ мекард.

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, дар толоре, ки қарор буд субҳи рӯзи 5 январ конфронси муштараки бахшҳои ҲНИТ дар ҳавзаи 33-и Қумсангир доир шавад, ғайримунтазира гурӯҳе аз муаллимон ҷаласа баргузор карданд, хабар медиҳад сомонаи наҳзат.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ мегӯяд, муаллимони ноҳияи Қумсангир бидуни огоҳсозии пешакӣ дар толоре, ки як ҳафта қабл ҲНИТ иҷозаи расмӣ дарёфт карда буд, ин субҳ даромада ҷаласаи худро баргузор карданд ва меҳмонони ҲНИТ дар берун мондаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сухангӯи ҲНИТ, намояндаҳои онҳо тайи ду рӯз толорро аз партовҳо тоза намуда, шиорҳои интихоботӣ насб карда буданд. Файзраҳмонов меафзояд, ки омӯзгорон ҳамаи шиору навиштаҳои ҲНИТ-ро баркандаанд.

ҲНИТ дар конфронси пешазинтихоботӣ дар ҳавзаи рақами 33, ки се ноҳияи Қумсангир, Румӣ ва Ҷомиро дар бар мегирад, номзадҳои худ ба вакилии Маҷлиси намояндагонро аз ҳавзаи якмандатӣ баррасӣ мекард ва ба ин муносибат 40 вакили худро ба ин нишаст даъват кардаааст.

Мавзуъ

Муовини раиси ҲНИТ аз Кӯлоб номзади интихобот шуд
Барчаспҳо:
муаллимон, сюрприз, интихобот, ҷаласа, ҲНИТ, Маҳмудҷон Файзраҳмонов, Қумсангир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ