КМИҲ Тоҷикистон 27 номзади интихоботии ҲНИТ сабти ном кард

© Sputnik / Илья Алексеев / Гузариш ба медиабонкИнтихобот
Интихобот - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ҲНИТ тибқи феҳрасти интихоботӣ 28 номзадро пешбарӣ карда буд, вале як нафар аз онҳо сабти ном нашуд. Ҳамроҳ бо номзадҳои ҲНИТ Кумиссиюни интихоботӣ 7 нафар номзади Ҳизби коммунистро низ сабти ном кард.

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бисту ҳафт нафар номзади феҳрасти ҳизбии ҲНИТ аз сӯйи Кумиссиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон сабти ном шуданд, хабар медиҳад сойти ҳизб.

ҲНИТ тибқи феҳраст 28 номзадро пешбарӣ карда буд, вале як нафар аз онҳо ба далели пешниҳод накардани асноди зарурӣ сабти ном нашуд. Исми ин номзад ироъа нашудааст.

Дар ин феҳраст исми раҳбари ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ва фарзандони бунёдгузори ҲНИТ Сайид Абдулло Нурӣ — Муҳаммадҷон Нурӣ ва Руқия Саидова буданд.

Ҳамчунин Кумиссиюни интихоботӣ дар ин рӯз асомии 135 нафар шахсони мӯътамади номзадҳои ин ҳизбро сабти ном кард.

Хабар дода мешавад, ки Кумиссиюн ҳамчунин рӯзи панҷшанбе 7 номзади феҳрасти ҳизбии коммунистҳои тоҷикро низ сабти ном кардааст, ки дар миёни онҳо Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизб низ ҳаст.

Дар ҳафтаи ҷорӣ Кумиссиюни интихобот асомии номзадҳои феҳрасти ҳизбии ҳизби ҳокими халқӣ демократ (26 номзад), Ҳизби аграрӣ (13), Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ (6), Ҳизби сотсиалистӣ (6) ва Ҳизби демократро (4 номзад) сабти ном кардааст.

Интихоботи давраи панчуми Маҷлиси намояндагон 1 март баргузор мешавад. Тибқи феҳрасти ҳизбӣ 22 вакил ва аз ҳавзаҳои ҷудогона 41 вакил интихоб хоҳанд шуд. Порлумон аз 63 курсӣ иборат аст.

Лентаи хабарҳо
0