11:57 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Хукумат города Душанбе. Архивное фото

Ба рекламаи сиёсии ҲНИТ дар Душанбе иҷоза надоданд

© Sputnik Амир Исаев
Интихобот - 2015
Гирифтани линки кӯтоҳ
23 0 0

Руқия Қурбонова, муовини раиси Душанбе дар посухи ба ҲНИТ навиштааст, ки “муроҷиати ҳизб оид ба додани иҷозат барои ҷойгир намудани лавҳаи рекламаи афишагиро мавриди баррасӣ қарор дода, онро “имконнопазир” мешуморанд.

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе ба дархости Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар мавриди додани иҷоза барои насби рекламаҳои интихоботӣ ҷавоби рад дода, онро "рекламаи сиёсӣ" хондааст, менависад оҷонсии "Озодагон".

Қаблан ҲНИТ аз шаҳрдории Душанбе хоста буд, ки барои насби овезаҳои интихоботӣ иҷозат бидиҳад.

Шаҳрдорӣ бо ирсоли номае бо имзои Руқия Қурбонова, муовини раиси шаҳри Душанбе унвонии Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, "муроҷиати ҳизб оид ба додани иҷозат барои ҷойгир намудани лавҳаи рекламаи афишагиро мавриди баррасӣ қарор дода, онро "имконнопазир" шуморид", мегӯяд Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ.

"Рекламаҳои дархостшаванда рекламаи сиёсӣ ба ҳисоб мераванд. Амали Қонуни ҶТ "Дар бораи реклама", ки муносибатҳои соҳаи рекламаро ба танзим медарорад, нисбати рекламаҳои сиёсӣ татбиқ намегардад", — посух додааст муовини шаҳрдорӣ.

Дар идомаи посух омадааст, ки Қонуни конститутсионии ҶТ "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ" роҳҳои сурат гирифтани ташвиқоти пешазинтихоботиро муқаррар намудааст, ки онҳо иборатанд: аз тариқи воситаҳои ахбори омма; гузаронидани маъракаҳои оммавӣ (маҷлисҳо ва вохӯриҳо бо шаҳрвандон; ташкили баҳсу мунозираҳо); нашр ва паҳн намудани маводи чопии ташвиқотӣ ва бо дигар шаклҳое, ки ин Қонун муқаррар намудааст. Аммо Қонуни мазкур насби рекламаро ҳамчун роҳи ташвиқоти пешазинтихоботӣ пешбинӣ накардааст. Инчунин, Қонуни ҶТ "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ" низ бо риояи шартҳои баробар бурдани ташвиқоти пеш аз интихоботиро барои ҳизбҳои сиёсӣ муқаррар намудааст.

"Бинобар гуфтаҳои дар боло қайдгардида ҷойгир намудани лавҳаи рекламаи афишагиро имконнопазир мешуморем", — зикр шудааст дар интиҳои посух.

Аммо сухангӯи ҲНИТ возеҳ накардааст, ки бо посухи шаҳрдорӣ мувофиқ ҳастанд ё хайр. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 чанде аз шиорҳо ва аксҳои ҲНИТ дар тоблуҳои Душанбе насб гардида буд.  

Мавзуъ

ҲНИТ баҳсашро бо муфтӣ додгоҳӣ намекунад
КМИҲ Тоҷикистон 27 номзади интихоботии ҲНИТ сабти ном кард
ҲНИТ бо шаҳрдории Хуҷанд барои бино баҳси додгоҳӣ мекунад
Барчаспҳо:
посухи рад, реклама, интихобот, шаҳрдори Душанбе, ҲНИТ, Руқия Қурбонова, Маҳмудҷон Файзраҳмонов, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ