Шабдолов: шомил шудан ба ЕврАзЭС роҳи асосии ҳалли мушкилот аст

© Sputnik / Амир ИсаевБозори Шоҳмансур. Акс аз бойгонӣ
Бозори Шоҳмансур. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коммунистҳои тоҷик барномаи пешазинтихоботии худро тавассути шабакаи аввали телевизионӣ муаррифӣ карданд. Ба масоили зиёде, аз шомилшавӣ ба ЕврАзЭС то ба коҳиши мӯҳлати хидмати низомӣ дар ин барнома расидагӣ шуд.

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Тоҷикистонро зарур аст, ки ба манзури ҳифзи бозори дохилӣ зудтар ба ЕврАзЭС шомил шавад, изҳор дошт раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов зимни муаррифии барномаи пешазинтихоботии ин ҳизб тавассути барномаи "Шабакаи аввал".

"Шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё — ҳалли куллияи мушкилоти мо мебошад", — гуфт Шабдолов. Вале, ба гуфтаи вай, барои ин амр корхонаҳои кишварро зарур аст, ки тавлидоти рақобатпазир дошта бошанд.

Раҳбари коммунистҳо аз барномаи давлатии таҷдиди сохтории замин интиқод карда, пешниҳод кард, ки колхозҳову совхозҳо эҳё карда шаванд.

"Мо бояд коркарди комили тавлидоти кишоварзиро дошта бошем. Фикр мекунам, ки моро зарур аст воҳидҳои кишоварзиро бо дарназардошти шароити феълии бозор муштарак созем", — гуфт Шабдолов.

Ба гуфтаи вай, иқтисоди Тоҷикистон дар бӯҳрони амиқ қарор дошта кишвар аз омилҳои беруна ҳифозат нашудааст. "Бозори мо, ба вижа, бозори маводи ғизоӣ комилан аз колоҳои воридотӣ бастагӣ дорад", — зикр кард вай.

Шабдолов бар ин назар аст, ки ба рушди бахши энержӣ бояд тавваҷӯҳи вижа ихтисос шавад, ин арса бояд миллӣ карда шавад, "вагарна мо ҳамаашро аз даст хоҳем дод".

Дар шароити таҳдидҳои ноамнии кишвар, раҳбари коммунистҳо тақвияти сиёсати иҷтимоии ҳукуматро гарави амният ва суббот дар кишвар медонад. Ба ғайр аз ин, ба эътиқоди Шабдолов, сиёсат бояд ошкоро сурат бигирад.

"Мақомот набояд аз ҷомеъа иттилоъ дар бораи хатароти амниятӣ ва таҳдидҳои иқтисодӣ ва субботи иҷтимоиро пинҳон дошта боша", — изҳор дошт вай.

Дар чорчӯби ин барнома рӯзи душанбе ҳамчунин муовини раҳбари коммунистҳо Исмоил Талбаков суханронӣ ва ҳашт нуқоти аслии барномаи пешазинтихоботии ҳизбро шарҳ дод.

Коммунистҳои Тоҷикистон, ба гуфтаи вай, ҷонибдори инҳисороти давлатӣ дар бахшҳои аслии иқтисод, вале ҳамзамон тарафдори моликияти мухталиф дар бахшҳои дигар мебошанд.

Талбаков изҳор дошт, ки дар барномаи пешазинтихоботӣ ба сиёсати муҳоҷират тавваҷӯҳи вижа шуда, ҳизб пешниҳод дорад, ки масоили таъмини ҳуқуқи бознишастагии муҳоҷирон ҳал карда шавад.

Ҳамчунин, коммунистҳо қасд доранд мӯҳлати хидмати низомӣ дар артишро то ба як сол коҳиш бидиҳанд, ки ба кам шудани теъдоди фирориҳо аз хидмат мусоидат мекунад. "Ҳоло бештари ҷавонони синну соли даъват ба Русия на барои кор, балки барои паси сар кардани маъракаи даъвати низомӣ мераванд", — таъкид кард Талбаков.

Ба гуфтаи вай, Ҳизби коммунист ба гунаи ҳукумат дар сиёсати хориҷи ҷонибдори наҳваи "дарҳои боз" аст, вале авлавият бояд ба Русия ва Чин дода шавад.

"Мо бар ин назарем, ки мо барои дӯстон бояд боз бошем. Авлавият дар ҳамкориҳои стратегӣ бояд ба Русия, Чин ва ҳамаи кишварҳое дода шавад, ки ғояҳои сотсиализмро мепазиранд", — гуфт муовини раиси ҲКТ.

Таблиғоти аҳзоби сиёсӣ тавассути телевизион 29 январ оғоз шуд.

Ба ҳар як ҳизб 40 дақиқагӣ вақти ройгон барои ироаи барномаи худ ва барои номзадҳои феҳрасти ҳизбӣ 20 дақиқагӣ вақт дода мешавад.
Ҳизбҳои Сотсиалист ва Демократ аллакай барномаҳои худро ироъа карданд.

Ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, ки 1 март баргузор мешавад, ҳамаи 8 ҳизби сиёсӣ номзадҳои худро пешниҳод карданд. Тибқи феҳрастҳои ҳизбӣ 22 вакил ва аз ҳавзаҳои ҷудогона 41 вакил интихоб хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0