Раҳбари нозирони САҲА муаррифӣ шуд

© Sputnik / Илья Алексеев / Гузариш ба медиабонкИнтихобот. Акс аз бойгонӣ
Интихобот. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба ҳайси раҳбари ҳайати нозирони Маҷмаи порлумонии САҲА, ки ҳудуди 50 нозир аз 23 кишвари узви ин созмонро дар бар мегирад, Йорген Беккевол, вакили порлумон аз Норвегия муаррифӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. САҲА Мариэтта Тидеи, вакили порлумон аз Итолиёро ҳамоҳангсози ҳайати нозирони кӯтоҳмуддаташ дар интихоботи порлумонии Тоҷиикистон, ки 1 март доир мешавад, муаррифӣ кард, менависад "Радиои Озодӣ".

Ба ҳайси раҳбари ҳайати нозирони Маҷмаи порлумонии САҲА, ки ҳудуди 50 нозир аз 23 кишвари узви ин созмонро дар бар мегирад, Йорген Беккевол, вакили порлумон аз Норвегия муаррифӣ шудааст.

"Мардуми Тоҷикистон сазовори доштан имкон барои муколамаи бозу зинда дар бориа ояндаи кишвари худ аз тариқи интихобот ҳастанд. Ман рӯи масоиле таъкид мекунам, ки САҲА дар пайи интихоботи президентии Тоҷикистон дар соли 2013, ки ман ҳам онҷо будам, нашр карда буд. Ва умедворам, ки мо ҳангоми ироаи бардоштҳои худ дар рӯзи интихоботи дарпешистода аз беҳбудиҳо гузориш диҳем", — гуфтааст Мариэтта Тидеи.

САҲА аз соли 2000 ба ин тараф интихоботҳои Тоҷикистонро назорат мекунад, вале то кунун ягон интихоботи ин кишварро ҷавобгӯи меъёрҳои ҳадди ақали як интихоботи озоду демократӣ эътироф накардааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, интихоботи порлумонии рӯзи 1 мартро ҳудуди 500 нозири хориҷӣ назорат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0