13:07 23 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Интихобот - 2015
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Баргаҳои таблиғии ҲХДТ аз интихобкунандагон даъват мекунад, то дар баробари рақами 8, ки натанҳо рамзи “бахту иқбол”, балки рамзи “8 табақаи ҷаннат ва фалсафаи диннӣ” аст, хат бикашанд.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аҳамияти рақами 8-ро, ки ин ҳизб дар баргаҳои интихобот бо ин рақам сабт шудааст, аз нигоҳи дин, ситорашиносӣ ва фалсафа маънидод кардааст, менависад оҷонсии "Озодагон".

Варақаи таблиғии ҲХДТ даъват мекунад, ки ба ин ҳизб раъй бидиҳед.

"Зеро дар ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ рақами 8 — ин рамзи некӣ ва накукорӣ, барои мусалмонҳо — ҳашт табақаи биҳишт, "арши аъло" ва фаришта аст", — мегӯянд мубаллиғин.

Дар фалсафа, навишта шудааст дар варақаҳо, "ҳашт" — рамзи муваффақият, бахт, иқбол ва рушд аст.

"Дар ситорашиносӣ "8"-ро бо Зуҳул рабт медиҳанд, ки рамзи бахту иқбол аст", — омадааст дар варақа.

Бо интихоби рақами 8 моро ояндаи нек ва рушан интизор аст, шарҳ медиҳанд муаллифин.

ҲХДТ дар ҳоле аз маънавият ва ситорашиносӣ истифода мекунад, ки қонун дар бораи интихобот истифодаи равишҳои таъсиррасонии равонӣ ва маънавиро манъ кардааст.

Дар ин маврид ба вижа зимни суханронии худ ҳафтаи гузашта Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИРТ тариқи телевизион изҳори назар карда буд ва даъват кард, ки қонунгузорӣ комилан риоя шавад.

Мавзуъ

Муовини раиси ҲХДТ: ба ҳизби мо аз рӯи корҳои кардаамон овоз диҳед
ҲХДТ таблиғоти интихоботиро дар Русия анҷом медиҳад
Барчаспҳо:
ҷалби мардум, рақами 8, ситораҳо, таблиғ, Интихобот, ҲХДТ, КМИРТ, Шермуҳаммади Шоҳиён, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ