07:25 24 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Маводи таблиғотии аҳзоб. Акс аз бойгонӣ

Аҳзоби сиёсӣ аз тахрибкориҳо дар корзори интихоботӣ шикоят мекунанд

© Sputnik Амир Исаев
Интихобот - 2015
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Бархе аз ҳизбҳои сиёсӣ изҳор медоранд, ки гурӯҳҳои ношинос маводди таблиғотии онҳоро бармечинанд. Ниҳодҳои интизомӣ мегӯянд, ки ба онҳо чунин шикоёт ворид нашудааст.

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Бархе аз аҳзоби сиёсӣ иддао доранд, ки афроди ношинос маводи таблиғотии интихоботии онҳоро дар шаҳрҳо ва навоҳии кишвар бармечинанд, менависад Радиои Озодӣ.

Раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров гуфт, ки дар шаҳрҳо ва навоҳии кишвар, аз ҷумла дар Душанбе, гурӯҳи ҷавонони ношинос маводи таблиғотии онҳоро бо барномаи пешазинтихоботӣ бармечинанд.

Ба гуфтаи вай, чанд рӯз қабл фаъолони ҳизбӣ ин гурӯҳро дар маҳаллоти 103 ва 104 шаҳри Душанбе боздошт карданд.
Ҷавононро озод карданд, вале тахриби маводи таблиғотӣ қатъ нашудааст.

Зойиров ба радио гуфт, ки дар ноҳияи Шаҳритӯс маводди таблиғотиро "ду корманди пулис ва кормандони Кумитаи амнияти миллӣ бармечиданд". Шоҳиди ин амр чанд нафар аз гурӯҳи таблиғотии ҲСДТ шудаанд.

Ду ҷавоне, ки зимни барчидани маводи таблиғотӣ дар Душанбе боздошт шуда буданд, хабар додаанд, ки барои чунин аъмол барояшон 10 сомонӣ пардохт шудааст, гуфт сиёсатмадор.

Ба гуфтаи Зойиров, то ҳол 80% маводди таблиғотии ҳизб, ки дар Душанбе насб шуда буданд, корношоям шудаанд.

Дар ҳамин ҳол раиси бахши пулис дар ноҳияи Шаҳритӯс Валиҷон Муллоев ба радиои "Озодӣ" хабар дод, ки дар бахши ноҳиявӣ аз чунин аъмол хабар надоранд ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ба онҳо шикоят накардаанд.

Ҳамчунин, ба иттилои ҲНИТ, маводи таблиғотии ин ҳизб, аз ҷумла дар ноҳияи Қумсангир барчида мешаванд.

Ба гуфтаи Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ, онҳо оиди ин масъала ба ниҳодҳои зирабт низ муроҷиат кардаанд.

Номзади интихоботии Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олим Бобоев ба радио хабар дод, ки ин ҳизб аллакай барои бори дувум маводи таблиғотии худро тавзеъ мекунад, вале гурӯҳи ҷавонони савори мошин аз хиёбонҳо онҳоро боз бармечинанд.

Номзади Ҳизби ҳокими халқии демократӣ Фирӯза Шарифӣ зикр мекунад, ки вай то ҳол бо чунин амр рӯбарӯ нашудааст. Ба гуфтаи вай, дар вилояти Хатлон, ки вай дар он ҷо фаъолият мекунад, то ҳол мавориди барчидани маводди таблиғотии ҳизбаш мушоҳида нашудааст.

На съезде НДПТ,  архивное фото
Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Феълан дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе миқдори бештари маводи таблиғотии Ҳизби ҳокими халқии демократӣ мушоҳида мешаванд.

Интихоботи порлумони Тоҷикистон 1 марти соли ҷорӣ баргузор мешавад. Дар он 288 номзад аз ҳамаи 8 ҳизби сиёсӣ ширкат мекунанд.

Мавзуъ

Интихобот ва ҳолу ҳавои "исломхоҳӣ"-и аҳзоби Тоҷикистон
Президент: “ба интихобот ва оромии кишвар хиёнат накунед”
Таҳлилгар: ҲХДТ барандаи асосии интихобот аст
Барчаспҳо:
корзори интихоботӣ, ҲСДТ, ҲНИТ, Валиҷон Муллоев, Маҳмудҷон Файзраҳмонов, Раҳматилло Зойиров, Олим Бобоев, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ