01:54 11 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Шукурджон Зухуров. Архивное фото

Зуҳуров: ҲХДТ ягона неруи созанда аст

© Sputnik / Григорий Сысоев
Интихобот - 2015
Гирифтани линки кӯтоҳ
14 0 0

Зуҳуров зимни ин мулоқот, аз мардум даъват намудааст, дар интихоботи парлумонии якуми март ба тарафдории ӯ ва ҲХДТ овоз бидиҳанд.

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони феълии Тоҷикистон ва номзад ба парлумони оянда аз ҳавзаи интихоботии Рашт, дар мулоқот бо интихобкунандаҳо ҲХДТ-ро ягона нерӯи созанда дар кишвар ном бурдааст, менависад оҷонсии "Озодагон".

Зуҳуров зимни ин мулоқот, аз мардум даъват намудааст, дар интихоботи парлумонии якуми март ба тарафдории ӯ ва ҲХДТ овоз бидиҳанд.

"Имрӯз танҳо ҲХДТ қодир аст, ки ободии Тоҷикистон, рӯзгори осудаи мардум ва сулҳу ваҳдати комилро дар саросари кишвар пурра таъмин намояд", — афзудааст Зуҳуров.

Ба гуфтаи вай, ҲХДТ ҳамчун ҳизби мардумӣ, ҳизби умеду ормонҳои халқи Тоҷикистон машҳур аст ва ба шарофати амалисозии барномаҳои гуногуну мақсад ва ҳадафҳои он дар ҷомеа ягонагӣ, оромиву осудагӣ ҳукмфармо гардидааст.

"Боварӣ дорам, ки аксарияти кулли шумо дар бораи хизматҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси ҳизб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷиҳати ба Ватан баргардонидани гурезаҳо аз кишварҳои гуногун, ҳам ҷиҳати рушду нумӯ бахшидани тамоми бахшҳои ҷомеа, бунёди роҳҳову пулҳо, иншооти гуногуни муҳим огоҳии комил доред", — гуфтааст Зуҳуров.

Ҷаноби Зуҳуров таъкид кардааст, ҳар нафаре ба ҷонибдории ҲХДТ дар рӯзи якуми марти соли равон овоз медиҳад, дар таҳким бахшидани сохти давлатдории тоҷикон, боло рафтани обрӯву нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ, ҷиҳати беҳтар гардидани зиндагии мардум ва таъмини рӯзгори осудаи наслҳои ояндаи Тоҷикистон саҳм мегузорад.

Ӯ инчунин аз сокинони минтақаи Рашт хоҳиш кардааст, дар ин шабу рӯз бештар аз барномаву нақшаҳои Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ карда, дар гирди ӯ ҷамъ шаванд.

"Имрӯз бояд аз ҳарвақта бештар дар атрофи Президентамон зичтар бошем, кору пайкор, саъю талош ва ниятҳои некашонро самимона дастгирӣ намоем", — илова кардааст раиси кунунии парлумон.

Зуҳуров дар идома сокинони ин минтақаи кишварро аз вуҷуди афроди хатарнок ва ҷонибдори нооромии Тоҷикистон ҳушдор дода, гуфтааст, "ҳоло низ бадхоҳони миллату давлати мо аз нияти амалӣ намудани ҳадафҳои шуми худ даст накашидаанд".

Раиси феълии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба сокинони Рашт ваъда додааст, дар сурати пирӯзияш дар интихоботи парлумонӣ барои қабули қонунҳои муҳиму саривақтӣ, истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар, бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳанг, кишоварзӣ, саноату сохтмон ва масоили дигари байналмилалӣ талош хоҳад кард.

Ӯ гуфтааст, дар сурати соҳиби курсӣ шуданаш дар парлумони Тоҷикистон барои 5 соли дигар, ӯ тариқи мушаххас дар самти таъмини волоияти қонун, нафақа, сиёсати андоз, сармоягузории хориҷӣ, истифодаи замин, муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, бунёди корхонаҳои коркарди мева ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди муассисаҳои нави соҳаи маорифу фарҳанг, тиб, варзиш, таъмиру бунёди роҳҳо талош хоҳад кард.

Мавзуъ

Истифода аз "маънавиёт" дар таблиғоти пешазинтихоботии ҲХДТ
КМИР: ҳамаи номзадҳои ҲХДТ санҷишро аз забон супориданд
Барчаспҳо:
ҳизб, раъйдиҳӣ, тарафдорӣ, фаъолият, Интихобот, ҲХДТ, парлумон, Шукурҷон Зуҳуров, Рашт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ