ҲНИТ: номзадҳои моро бо фиреб аз ҳаққи интихоб шудан маҳрум карданд

© Sputnik / Илья Алексеев / Гузариш ба медиабонкИнтихобот. Акс аз бойгонӣ
Интихобот. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз аъмоли ноҷавонмардонае, ки нисбати номзадҳои ин ҳизб дар интихоботи маҳаллӣ аз сӯйи коммисияҳои маҳаллии интихоботӣ сурат мегиранд, хабар додааст.

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Сабти номи чаҳор номзад ба маҷлисҳои маҳаллӣ аз Ҳизби наҳзати ислом гӯиё бар асоси аризаи худи онҳо лағв шудааст ва аз ҳафт номзади дигар дархост шудааст, ки номзадии худро бозпас бигиранд, хабар медиҳад сойти ҲНИТ.

12 феврал Аҳмадҷон Сангов аз ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ №37, Абдунаим Каримов аз ҳавзаи Рӯдакӣ №18 ва Маҳмадназар Хоҷаев аз ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ №30 санади сабти номи номзад дарёфт карданд. Вале баъд аз чанд рӯз аз номи онҳо аризаҳо дар бораи бозпас гирифтани номзадиашон навишта шудаанд, омадааст дар хабар.

"Субҳи рӯзи сешанбе ба ман занг зада гуфтанд, ки ман дигар ҳаққи таблиғи номзадиамро надорам, зеро дар бораи бозпас гирифтани номзадиам ариза навиштааст", — гуфт Сангов.

Дар хабар ҳамчунин омадааст, ки аз номи Каримов навиштаанд: "бо далели масоили оилавӣ ва ба далели вазъи саломатӣ ман номзадии худро бозпас мегирам".

Ба ҷуз аз ин се нафар, 22 феврал дар бораи лағви номзади ҲНИТ аз ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №26 ба Раҳимҷон Шукуров хабар додаанд, менависад сойти ҳизб.

Ҳамчунин тибқи иттилоъи ситоди интихоботии ҲНИТ, ҳавзаҳои интихоботии ноҳияи Шоҳмансур, "аз ҷумла №5,№11,№18,№19,№20,№33 ва №37 бидуни ҳеҷ як далели қонунӣ аз номзадҳои ҳизб тақозо кардаанд, ки номзадии худро бозпас бигиранд".

Интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ якуми март баргузор мешаванд ва он иштироки 5,7 ҳазор номзади сабтиномшуда дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0