06:14 28 майи 2018
Пахши мустақим
  • USD8.98
  • EUR10.49
  • RUB0.14
Саммити СҲШ дар Душанбе

Ислом Каримов унвонии Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикӣ ирсол дошт

© Sputnik / Михаил Климентьев
Интихобот - 2015
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

Ислом Каримов дар ин нома раисҷумҳури Тоҷикистон бо пирӯзии ҳизбаш дар интихобот табрик гуфта, ба раисҷумҳур сиҳатмандии бардавом хостааст.

ДУШАНБЕ, 5 март — Sputnik. Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Ӯзбакистон, бо ирсоли як нома Эмомалӣ Раҳмонро барои пирӯзии ҳизбаш дар интихоботи парлумонии 1 март табрик гуфтааст, менависад сомонаи расмии президенти Тоҷикистон.

Дар ин номаи ҷаноби Каримов, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон нашр кард, омадааст, "муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба муносибати дар интихоботи Маҷлиси намояндагон ғалаба ба даст овардани Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки роҳбариашро Шумо ба уҳда доред, табрикоти самимии маро бипазиред."

Дар идома мехонем, "бо истифода аз ин имконият, ба Шумо, Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии бардавом, дар фаъолияти Шумо комёбиҳо ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳу осоишро таманно дорам."

Зимнан, ҲХДТ дар интихобот 65 дарсад аз раъйи мардумро ба даст овард. Рақаби аслии ин ҳизби ҳоким, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон унвон мешавад, 1,5 дарсад раъйи мардумро ба худ ихтисос дод ва ҳамин тавр аз парлумон канор уфтод.

Барчаспҳо:
табрик, интихобот, Ислом Каримов, Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ