03:48 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Навиштаҷот дар даромадгоҳи КМИРТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Пешбарии номзадҳо ба сенати Тоҷикистон охири ҳафта шурӯъ мешавад

© Sputnik Амир Исаев
Интихобот - 2015
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

КМИР барои пешбарии номзадҳо ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон (Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ) се рӯз ҷудо кард, ҷараёни овоздиҳӣ бошад рӯзи 27 март сурат мепазирад.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз 14 то 17 март баргузор мешавад, хабар медиҳад ОИ "Авеста" бо истинод ба КМИР. Интихоботи сенаторҳо 27 март ҷараён мегирад.

Теъдоди умумии аъзоёни МО ММ 33 нафарро ташкил медиҳад. Вакилон 25 нафари онҳоро аз минтақаҳои Душанбе ва вилоёти Суғду Хатлон, инчунин вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, навоҳии тобеъи марказ пешниҳод мекунанд ва 8 тани дигарро президент таъин мекунад.

Аъзои 34-ум ва доимии сенати Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин президенти ҷумҳурӣ мебошад.

Мавзуъ

Парлумони Тоҷикистон дар арафаи интихобот
Барчаспҳо:
сенати Тоҷикистон, интихоботи сенаторҳо, КМИР, Маҷлиси миллӣ, Қаҳҳор Маҳкамов, Хатлон, Бадахшон, Суғд, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ