Дар Тоҷикистон интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ баргузор мешавад

© SputnikБинои порлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои порлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интихобот дар се маркази вилоятии Тоҷикистон – дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва ду ҳавзаи пойтахт баргузор мешаванд. 25 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ интихоб мешаванд.

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ рӯзи ҷумъа дар Тоҷикистон баргузор мешавад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба раҳбари дастгоҳи Комиссияи маркази интихобот ва ҳамапурсии кишвар Абдуманон Додозода.

Маҷлиси миллӣ аз 33 узв иборат аст, ки 25 нафари онҳо бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешаванд ва ҳашт нафари боқимондаро раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мекунад. Дар ин Маҷлис куллияи вилоятҳо ва воҳидҳои маъмурӣ теъдоди яксони намоянда доранд. Шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба синни 35 солагӣ расидаву маълумоти олӣ дорад, метавонад узви Маҷлиси миллӣ интихоб шавад. Ҳар як раиси ҷумҳури собиқи кишвар агар вай аз узвият дар ин Маҷлис даст накашад, умрбод узви Маҷлиси миллӣ аст.

"Интихобот дар панҷ ҳавза баргузор шуда 25 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ интихоб хоҳанд шуд", — гуфт вай.

Интихобот дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва ду ҳавзаи интихоботии пойтахт — дар бинои шаҳрдорӣ ва Кохи Ваҳдат баргузор мешаванд. Шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, зикр мекунад хабаргузорӣ, ба вакилии Маҷлиси миллӣ пешниҳод шудааст. Вай тӯли 15 соли ахир раиси Маҷлиси миллӣ аст. Ин симмат дар кишвар баъд аз раиси ҷумҳур вазифаи дуввуми давлатӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад.

Раисони вилояти мухтори Бадахшони кӯҳӣ, Хатлону Суғд, раисони бархе аз шаҳрҳову навоҳии кишвар ва ҳамчунин раҳбарони бархе аз муъассисоти илмиву маъориф вакилони Маҷлиси миллӣ пешниҳод шудаанд.

Аз замони касби истиқлол дар Тоҷикистон то авохири даҳаи навадум порлумони якмаҷлиса вуҷуд дошт. Танҳо дар соли 1999 дар кишвар порлумони дорои ду маҷлис таъсис шуд.

Ба салоҳияти Маҷлиси миллӣ таъйиди номзадҳо ба вазифаҳои додситони кулл ва муъовинонаш ва ҳамчунин ниҳодҳои олии додгоҳҳо ва муъовинони вай дохил мешаванд.

Интихоботи Маҷлиси намояндагон ва ё палатаи поёнии порлумон 1 март баргузор шуданд ва барои бори нахуст ба ҳайъати ин маҷлис намояндагон мухолифин — Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунистӣ ворид нашуданд. Дар маҷмӯъ аз 63 курсии порлумон 81% насиби ҳизби ҳокими халқи демократӣ шуд, ки раҳбарии онро раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон бар ӯҳда дорад.

Лентаи хабарҳо
0