03:15 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Порлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Душанбе вакилонро интихоб кард. Убайдуллоев дубора дар Маҷлиси миллӣ

© Sputnik
Интихобот - 2015
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Ба вакилии Маҷлиси миллии порлумони Тоҷикистон 25 номзад пешниҳод мешаванд, ки онҳоро маҷолиси маҳаллӣ интихоб мекунанд. Аз се вилоят, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе 5 вакилӣ интихоб мешаванд ва боз 8 нафари дигарро раиси ҷумҳур таъйин мекунад.

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Панҷ нафар вакили Маҷлиси миллӣ аз Душанбе дар ҷаласаи муштараки маҷлиси Душанбе ва навоҳии пойтахт рӯзи ҷумъа интихоб шуданд, менависад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба сухангӯйи шаҳрдорӣ.

Ба ҳайъати панҷуми Маҷлиси миллӣ дубора шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ Бахтиёр Худоёрзода интихоб шуданд.

Ба Маҷлиси миллӣ ҳамчунин аз ноҳияи Сино омӯзгор, дабири илмии Пажӯишгоҳи забонҳо, адабиёт, ховаршиносӣ ва мероси хаттии Фарҳангистони улум Наргис Раҳмонова, аз ноҳияи Фирдавсӣ раиси Донишгоҳи фанноварии Тоҷикистон Нуралӣ Шоев ва аз ноҳияи Шоҳмансур раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомов интихоб шуданд.

25 узви Маҷлиси миллиро вакилони маҷолиси маҳаллӣ (панҷнафарӣ аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, Душанбе ва НТМ) интихоб мекунанд ва 8 нафарро раиси ҷумҳур таъйин мекунад.

Гузориш шуда буд, ки ба 25 курсии Маҷлиси маҳаллӣ 25 номзад пешбарӣ шуда буд.

Мавзуъ

Натиҷаҳои ниҳоии интихобот аз сӯи КМИРТ эълон шуд
Дар Тоҷикистон интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ баргузор мешавад
Барчаспҳо:
интихоби вакилони Маҷлиси миллӣ, маҷолиси маҳаллии Душанбе ва навоҳии он, Маҳмадюсуф Имомов, Нуралӣ Шоев, Наргис Раҳмонова, Бахтиёр Худоёрзода, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ