Тоҷикистон пешниҳоди Афғонистонро рад кардааст

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкИстгоҳи барқ. Акс аз бойгонӣ
Истгоҳи барқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири энергетика мегӯяд, ҳаҷми барқе, ки феълан ба Афғонистон содир мешавад, ба хотири нигоҳ доштани низом ва хатҳои интиқоли барқ аст. Ӯ нархи як киловат барқи Тоҷикистонро барои Афғонистон 3,7 сент арзёбӣ кард.

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Тоҷикистон дархости раҳбарияти Афғонистон барои зиёд намудани содироти барқ ба ин кишварро рад кардааст, менависад оҷонсии "Озодагон" аз қавли Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.

Усмонзода 21-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе зиёд шудани фурӯши барқи Тоҷикистонро ба Афғонистон рад кард.

"Воқеан роҳбарияти кишвари ҳамсоя чунин дархост кард, аммо ҷониби Тоҷикистон посух додааст, имконият надорад", — афзудааст Усмонзода.

Вазири энергетика мегӯяд, ҳаҷми барқе, ки феълан ба Афғонистон содир мешавад, ба хотири нигоҳ доштани низом ва хатҳои интиқоли барқ аст. Ӯ нархи як киловат барқи Тоҷикистонро барои Афғонистон 3,7 сент арзёбӣ кард.

Идомаи содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон

Вазир гуфт, дар соли гузашта ба хориҷи кишвар 1 миллиарду 321 миллион киловат нерӯи барқ содир шудааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо содироти барқ дар соли пешӣ 37,1% зиёд аст.

Дар охири моҳи октябри соли 2014 раисҷумҳури тозаинтихоби Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай дар мулоқот бо Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар ин кишвар аз тасмими мақомоти тоҷик барои идомаи содироти нерӯи барқ истиқбол карда, сипосгузорӣ намуда буд.

Лентаи хабарҳо
0