06:53 22 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Мамаҳалли сохтмони ненрӯгоҳи Роғун. Акс аз бойгонӣ

Дар соли 2014 барои нерӯгоҳи Роғун 1,1 миллиард сомонӣ масраф шудааст

AP Photo/ Bagila Bukharbayeva
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
810

Умури бозсозии нерӯгоҳи Роғун аз соли 2007 идома дорад ва дар ин солҳо аз будҷаи кишвар бад ин манзур беш аз 5 миллиард сомонӣ масраф шудааст.

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Барои умури бозсозӣ дар маҳалли нерӯгоҳи Роғун дар соли 2014 аз будҷаи Тоҷикистон 1 миллиарду 106 миллион сомонӣ ҷудо шуда буд, ки 84% дурнамаро фаро гирифт, хабар дод имрӯз дар нишасти матбӯъотӣ муъовини вазири молияи Тоҷикистон Шавкат Соҳибов.

"Умури бозсозӣ дар соли 2015 низ идома меёбад ва бад ин манзур 1,6 миллиард сомонӣ иттихоз шудааст", — гуфт вай.

Соҳибов хабар дод, ки аз фурӯҳи саҳмияҳои "Нерӯгоҳи Роғун" 890 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ шуда дар соли 2010 аз ин маблағ 397 миллион сомонӣ барои фармоиши таҷҳизоти ин нерӯгоҳ масраф шуд.

Миқдоре аз маблағи боқимонда ба бонкҳои мухталифи кишвар ҳифз шуданд. Соли гузашта ин маболиғ дар "Тоҷиксодиротбонк" ва "Ориёнбонк" қарор доштанд. Дар тӯли ин солҳо ин маболиғ 56 миллион сомонӣ суд оварданд, ки дар суратҳисоби нерӯгоҳи Роғун дар вазорати молия нигаҳ дошта мешаванд", — хабар дод вай.

Фурӯши саҳҳоми нерӯгоҳи Роғун дар оғози соли 2010, замоне ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур эълом кард, ки Тоҷикистон метавонад мустақилона умури бозсозии ин нерӯгоҳро анҷом диҳад ва аз мардум даъват кард, ки саҳҳмои онро харидорӣ кунанд, оғоз шуд.

Раванди фурӯши саҳҳоми нерӯгоҳи Роғун дар соли 2011 баъд аз машварати Сандуқи байналмиллали пул қатъ шуд. СБП иддаъо дошт, ки чунин наҳваи ҷазби пули "мардумӣ" ба будҷаи оилаҳо ва дар иктисоди кишвар дар маҷмӯъ таъсири манфӣ мерасонад.

Ба иттилоъи вазорати молия, умури бозсозӣ дар нерӯгоҳи Роғун соли 2007 оғоз шуда ва то соли 2010 маболиғе, ки аз будҷа бад ин манзур равона шудааанд, 1 миллиарду 325,4 миллион сомониро ташкил додааст.

Дар гузорише, ки дар сойти вазорати молия мунташир шудааст, гуфта мешавад, ки дар нимаи аввали соли 2010 барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун 40 ширкат ҷалб шуда ҳудуди 65 қарордод ба маблағи 700 миллион сомонӣ имзо шудааст. Аз ин миқдор 266 миллион сомонӣ пардохт шудааст.

Ҳамчунин ба маблағи 72,7 миллион сомони таҷҳизот ва ба маблағи 8,5 миллион сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ харидорӣ шудааст.

Қаблан ҳазинаи сохтмони бузургтарин нерӯгоҳ дар минтақа — нерӯгоҳи Роғун $2,2 миллиард арзёбӣ мешуд, вале ҳамакнун ин рақам ҳудуди $6 миллиард дониста мешавад.

Мавзуъ

СБП: тарҳи Роғун боиси танишҳо дар ҶТ шуда метавонад
Барои идомаи сохтмони Роғун 1,6 миллиард сомонӣ ҷудо мегардад
Барчаспҳо:
сармоягузории тарҳи Роғун, нерӯгоҳи Роғун, Шавкат Соҳибов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ