17:03 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Қодири Қосим аснои нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи ҶТ

Тоҷикистон то соли 2018 Роғунро ба кор медарорад

© Sputnik Амир Исаев
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Қодири Қосим, ки 27 январ дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, ҳукумат дар ин замина як тарҳ ё нақшаи кориро ҳам таҳия кардааст.

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Ду агрегат ва ё чархаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун то соли 2018 фаъол хоҳад гардид, бо такя ба Қодири Қосим, раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, менависад "Радиои Озодӣ".

Қодири Қосим, ки 27 январ дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, ҳукумат дар ин замина як тарҳ ё нақшаи кориро ҳам таҳия кардааст. Ӯ дар идома афзудааст, давлати Тоҷикистон тасмим дорад, сохтмони Роғунро аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ ба анҷом расонад.

Ҳоло танҳо барои сохтани сарбанди ин нерӯгоҳ 600 миллион доллар ва барои ба кор андохтани чархаҳои аввали нерӯгоҳи Роғун, бино ба ҳисобҳо, то 2 миллиард доллар сармоя лозим аст.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки сарбандаш аз 300 то 335 метр баландӣ дошта, иқтидораш 3 ҳазору 600 мегаватт хоҳад буд, дар сурати пурра фаъол шуданаш метавонад солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад. Он гоҳ, ба қавли мақомот, маҳдудияти интиқоли барқ ба шаҳру деҳоти Тоҷикистон, ки ҳар сол аз моҳи октябр то апрел ҷорӣ мешавад, аз байн хоҳад рафт.

Панҷ сол пеш дар пайи як маъракаи фурӯши саҳмияҳои Роғун беш аз 890 миллион сомонӣ (ба қурби он давра — 186 миллион доллар) ҷамъ оварда шуд. Ин маблағ дар хазинаи Вазорати молияи Тоҷикистон ва дар ҳисоби нерӯгоҳи Роғун нигаҳдорӣ мешавад.

Аммо Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ба суолҳо дар бораи он ки кай саҳмияҳои харидаи мардум фоида хоҳанд овард, посухт додааст, ки "то ба кор даромадани аввалин чархаи нерӯгоҳи Роғун мардум умеди сӯд надошта бошанд".

Сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳанӯз дар солҳои 70 оғоз ёфта, ҳукумати Шӯравӣ барои сохтмончиёнаш ҳатто шаҳракеро бо ҳамин ном бино кард. Аммо аз поёни солҳои 80 маблағгузории сохтмони Роғун аз сӯи Маскав коҳиш ёфта, аз соли 1992 пурра қатъ шуд. Як қисми бунёдшудаи сарбанди Роғунро дар баҳори соли 1992 сел бурд ва нақбҳои обпартояшро ҳам пур аз гил кард.

Дар соли 1992 Покистон бо имзои як қарордод бо ҳукумати вақти президент Раҳмон Набиев барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ваъдаи 500 миллион доллар сармоя дод, вале оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ин ваъдаро нақше бар об кард.

Барчаспҳо:
соли 2018, неруи барқ, чарха, бунёд, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, неругоҳи Роғун, Қодири Қосим, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ