21:21 15 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Парчами Эрон. Акс аз бойгонӣ

Комиссияи парлумони Эрон матни шартномаи БҲЭ-ро меомӯзад

© AP / Ronald Zak
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
910

Нуздаҳ вакили парлумони Эрон пас аз омӯзиши ҳамаҷонибаи матни созишнома оид ба барномаи ҳастаӣ, ки дар Вена ба имзо расида буд, хулосаҳои худро пешниҳод хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Намояндагони Маҷлиси давлати исломӣ баъди ҷаласаи рӯзи сешанбе комиссияи вижа таъсис доданд, ки он ба омӯзиши васеъи матни созишнома оид ба Барномаи ҳастаии Эрон (БҲЭ) машғул мешавад, иттилоъ медиҳад оҷонсии Sputnik бо истинод ба аъзои кумитаи энержии ҳастаӣ Иброҳим Қарахон.

"Парлумон ба қароре расид, ки барои омӯзиши ин санад ҳайатеро иборат аз 19 вакил интихоб намояд",- гуфт вай.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки вакили маҷлис Аҳмад Амир Ободӣ пешниҳоди таъсиси комиссиюни депутатиро барои омӯзиши санад пешниҳод сохтааст. Ба ҷонибдории ин пешниҳод аз 209 намояндаи парлумон 136 нафар райъи мусбат доданд.

Тавре Қарахон қайд кард, парламент тасмим гирифтааст, ки баррасии санади барномаи ҳастаии Эрон аз ҷониби комиссия ҳамаҷониба анҷом шавад ва қарори ниҳоӣ баъди 15 рӯз эълом шавад.

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, рӯзи гузаштаи 21 июл дар парлумони кишвар аз созиши ҳастаӣ, ки як ҳафта пеш дар Вена миёни Теҳрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ ҳосил шуд, дифоъ кард ва онро созиши мӯътадил номид.

Ҳайатҳои Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Британия, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) рӯзи 14 июл дар музокирот дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия оид ба барномаҳои ҳастаии Эрон ба тавофуқ расиданд. Бар пояи ин созиш, Эрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро коҳиш медиҳад.

Барчаспҳо:
баҳси ҳастаии Эрон, таъсиси комиссияи вижа, Маҷлиси Эрон, Барномаи ҳастаии Эрон, Иброҳим Қарахон, Аҳмад Амир Обидӣ, Австрия, Вена, ИМА, Фаронса, Британия, Чин, Русия, Олмон, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ